sebiston july new
Фотима Машрабова: Ман бо пули кавалер мошин нахаридаам! (ВИДЕО)
6658

 Овозаи ба кадом як миллонери амрикоӣ ба шавҳар баромадани Фотима Машрабоваро шунида сахт дар ҳайрат шудам, зеро ин зебосанам дар байни тамоми бонувони сароянда бо одоби ахлоқи ҳамидааш фарқ карда меистод.

Ҳеҷ боварам намемоад, ки ҳамин духтараки бамаънӣ барои пулу мол шуда, риштаи тақдирашро бо кадом як аҷнабӣ пайваста бошад. Барои фаҳмидани асли гап ман ба худи Фотима занг задам.

-Салом Фотимаҷон!

-Салом. Мебахшед, шуморо Нашинохтам.

-Ман Шабнам, аз сомонаи Оила шуморо ташвиш медиҳам.

-Бале Шабнамҷон, гӯш мекунам.

-Фотимаҷон чӣ ҳол доред? Бо чи корҳо машғулед?

-Пайи эҷоди сурудҳои нав ҳастам, охир рисолати мо, санъаткорон ҳамин аст.

-Овозаҳоро шунидед ё ман гӯям?

-Аҷабо боз чӣ овоза карда бошанд?(Механдад).

-Мегӯянд ки Фотима Машрабова ба як миллионери амрикоӣ ба шавҳар баромадаасту ба наздики тарки Ватан мекунад?

-Худоё, миллионери амрикоӣ?! (Механдад). Дурӯғ аст, охир ман миллионери амрикоиро аз куҷо меёбам?! Умуман, ман на ягон кавалер дорам ва на дар фикри оиладоршавӣ ҳастам. Мехоҳам аввал карера карда, баъд аз паси дигар корҳо шавам.

-Гуфтанд, ки аз бонк қарздор шудаеду аз бепулӣ ранҷ мекашед?

-Худо нишон надиҳад! Ман аз ягон бонк то ба ҳол қарз нагирифтааму намегирам.

-Ҳамаи сарояндаҳои машҳур кайҳо соҳиби хонаю мошинҳои замонавӣ ҳастанд.Фотима чаро мошин надорад?

-Шабнамҷон, метавонед маро табрик кунед! Мошин харидам!

-Оҳооо, муборак бошад! Махфӣ набошад, мегуфтед, ки мошинатон чи тамға аст?

-Як хундайи одӣ, вале шукрона мекунам, ки онро бо пули меҳнати ҳалоли худам харидам.

-Насиб кунад” Дуо мекунем, ки соҳиби Порше шавед! Ялипи нав сабт крадед ё тамоми маблағи дар даст доштаатон сарфи харидани мошин шуд?

-Рӯзҳои наздик клипи навам бо номи «Чакан» пешкаши ҳаводорони созу суруд мегардад.

-Ташаккур, ки ба серкориатон нигоҳ накарда барои сӯҳбат бо мо вақт ҷудо кардед. Ҳамеша чунин зебо ва муваффақ бимонед!

 

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД