Фурудгоҳи байналмилалии Дубай (DXB) субҳи имрӯз, 16-уми март парвозҳоро муваққатан мутаваққиф кардааст.
Сабаби баста шудани парвозро ба сар задани сӯхтор дар яке аз анборҳои сӯзишворӣ бар асари суқути тайёраи бесарнишин рабт медиҳанд.
Идораи авиатсияи шаҳрвандии Дубай муваққатан қатъ намудани парвозҳоро дар фурудгоҳ ҳамчун "тадбири эҳтиётӣ" арзёбӣ намуда, тавсия додааст, ки мусофирон барои гирифтани маълумот дар бораи кай боз шудани хатҳои парвоз ба ширкатҳои ҳавопаймоии худ муроҷиат намоянд.