Arzon march 2024
Футболбоздухтарони тоҷик дар CAFA-2024 пирӯзӣ ба даст оварданд
341

 

Футболбоздухтарони тоҷик дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA пирӯзӣ ба даст оварданд. Ин аввалин ғалабаи духтарони футболбози тоҷик дар мусобиқаи мазкур мебошад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-18) дар даври сеюми Чемпионати CAFA-2024 бо футболбоздухтарони туркман қувваозмоӣ намуда, пирӯз гаштаанд.

Гуфта мешавад, ки дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар шаҳри Душанбе бо дастаи футболи духтарони Туркманистон бозӣ доштанд ва рақобат бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи тими занонаи футболи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД