Дастаи мунтахаби футболбоздухтарони то 20-солаи тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар бозии дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба ба даст оварданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби духтарони то 20-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Ҷиддаи Аарабистон баргузор гашта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими футболи занонаи Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳоро футболбоздухтарони тоҷик Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева ба нишон расониданд.
Пагоҳ, 29-уми октябр дар шаҳри Ҷидда бозии дуюми дӯстонаи духтарони футболбози Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон доир мегардад.
Бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони футболбози Тоҷикистон (U-20) омодагӣ ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб меёбад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-солаи футбол аз 8 то 16-уми марти соли оянда доир мегардад. Рақибони Тоҷикистон дар ин бозиҳо ҳанӯз муайян нашудаанд.