formula55
Гаравгонони хиёнат (қисми 3)
1634

Давомаш...

Далер аз сафари хизматӣ баргашт. Дари хона маҳкам буд. Ӯ дарро бо калиди худ кушода, онро аз дарун маҳкам карда, вориди хона шуд. Мавҷигул дар хона набуд. Ӯ ба Мавҷигул ҳатто занг назад ва аз бозгашташ ӯро огоҳ накард. Хӯрок тайёр кард ва каме шароб нӯшиду дароз кашид.

Дароз кашиду зуд хобаш бурд. Саҳар садои занги дар ӯро аз хоб бедор кард. Ба соат нигарист. Соат 7–и саҳар буд. Дарро кушод. Мавҷигул ширакайф вориди хона шуд.

Далер салом дода, пурсид:

– Куҷо будӣ? Чаро шаб дар хона набудӣ?

– Дар сафари хизматӣ будам, – гӯён писханд зад Мавҷигул.

Далер дар ғазаб шуда, шаттае ба рӯйи ӯ зада гуфт:

–Воқеан мову ту хеҷ гоҳ ҳамдигарро намефаҳмем. Ман аз аввал бояд ба кӯрпаам нигоҳ карда, пой дароз мекардам. Ҳоло ҳам дер нашудааст. Ин хонаи туст. Хонаатро соҳиб шав, ман меравам.

Далер ба ҷамъ намудани сару либоси худ оғоз карду Мавҷигул оҳиста ба падараш занг зад.

– Падарҷон, ба фикрам домоди дӯстдоштаат моро тарк кардан мехоҳад. Либосҳояшро ҷамъ карда истодааст. Боз дар ҷудошавӣ маро гунаҳкор накунӣ.

Далер ҳанӯз аз хона набаромада, падари Мавҷигул вориди хона шуд. Ӯ аз Далер пурсид:

– Дирӯз омадӣ, боз ба куҷо равон?

Далер гуфт:

– Бубҳшед падар. Ман аз чунин зиндагӣ хаста шудам Бояд биравам.

– Куҷо меравӣ? Ба Мавҷигул ку коре надорам, аммо чӣ гуна мешавад, ки ту фарзанди худро партофта меравӣ? Пагоҳ ӯ калон шавад, туро бҳшида метавонад?

Далер ҳайрон шуда пурсид:

– Чӣ? Кадом фарзанд? Магар Мавҷигул ҳомила аст?

–Бале! Ӯ ҳомила аст. Муносибати Шумо ба чунин дараҷае расидааст, ки ӯ ҳатто ин тифлро аз батн берун кардан мехоҳад. Ӯ ин шаб дар хонаи ман буд.

Мардон баъди суҳбати дуру дароз ба хулосае омаданд, ки Далер тамоми кӯшишро барои вайрон нашудани оила ва солим ба дунё овардани тифл харҷ мекунад.

Агарчи Далер розӣ шуд, вале Мавҷигул қатъиян қарор қабул кард, ки аз Далер талоқ гирифта, тифлро бепадар ба воя расонад. Насиҳатҳои модарро ӯ тамоман гӯш намекард, ин аст, ки Сайида аз Бақозода хоҳиш кард, ки духтарро насиҳат кунад ва оиларо аз вайроншавӣ ҳифз кунад. Бақозода ба Мавҷигул занг зад:

– Салом духтарам. Ин бегоҳ ба хона биё. Падару духтар бояд каме суҳбат кунем.

– Тинҷӣ аст падар, чӣ шуд ки маро ёд кардед?, – гӯён Мавҷигул бо оҳанги ба худ хосе ба суол бо суол посух гуфт.

– Чизе нест, фақат ёд кардам ва мехоҳам падару духтар чанд лаҳзае бо хам бошем.

Мавҷигул «хуб бегоҳ меоям» гуфта, гўшакро гузошт.

Бегоҳ Мавҷигулу Бақозода ва Сайида якҷо хӯрок хӯрданду Бақозода ба насиҳат падохт:

– Дар зиндагӣ ҳама касбу кори худро дорад, вале оила муҳимтар аз ҳама чиз аст. Ту бояд ба вайроншавии оила роҳ надиҳӣ ва фарзандро аз падараш маҳрум накунӣ. Фарзанд бояд дар сояи падару модар калон шавад, вагарна паршикаставу рӯҳафтода ба воя мерасад.

Мавҷигул гуфт:

– Шуморо хеле хуб мефаҳмам падарҷон, вале Далерро дӯст намедорам ва зиндагии якҷояи мо вақтҳои охир ба даҳшат табдил ёфтааст. Мо бояд ҷудо шавем.

– Ҷудо намешавӣ, ба ин роҳ намедиҳам, ҷиддӣ посух дод Бақозода.

– Ин тифл аз Далер нест ва ӯ наметавонад падари ин тифл бошад. Мо ҷудо мешавем, – бо ҷаҳл ва қатъият ҷавоб дод Мавҷигул.

Падари дар ҳайратафтода хеле ба андеша рафта, ниҳоят худро ба даст гирифта пурсид:

–Далер инро медонад?

Мавҷигул гуфт:

– Намедонад дада, намедонад, вале ба наздикӣ мефаҳмад.

–Ба ту ҳамчун падар мегӯям ин асрори сабукпоиятро то марг пинҳон нигоҳ медорӣ, вагарна оқат мекунам.

–Не дада, мо ҷудо мешавем, – қатъиян гуфт Мавҷигул.

Падар аз ғазаб шапотие ба руйи ӯ зада гуфт:

– Ман падари туям ва ту маро бояд гӯш кунӣ.

Мавҷигул рӯяшро бо даст дошта, бо ҷаҳл ба чашмони падар нигариста гуфт:

– Ту ҳам, падари ман нестӣ. Ту ҳақ надорӣ, ки ба ман даст бардорӣ!

–Чӣ? Чӣ гуфтӣ? Ман падари ту нестам?

–Бале! Ту падари ман нестӣ! Бовар накунӣ аз модарам пурс.

Ин вақт модар гуфтугӯи онҳоро шунида, тозон ба хона даромад ва ба ҳарду руйи Мавҷигул бо шаппотӣ зада, ӯро ба хона кашола карданӣ шуд, ки Бақозода аз дасти ӯ дошта пурсид:

–Ӯ рост мегӯяд? Ба фикрам вақте фаро расидааст, ки ҳақиқатро гӯӣ. Чаро Мавҷигул ин хел гуфт? Ӯ духтари кист?

Тир аз камон ҷаста буд. Ончӣ ки бояд аз даҳони Мавҷигул намебаромад, алакай садо дода буд. Модари ӯ намедонист чӣ гуна вазъро ислоҳ кунад. Ин аст, ки худро ба даст гирифта насиҳаткунон гуфт...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД