sebiston july new
Гаравгонони хиёнат (қисми 5)
1625

Давомаш...

Аз байн 8 сол гузашт. Аҷаб зиндагие дошт Мавҷигул. Ба ӯ ҳама ҳасад мебурд. Ҳам хешовандон ва ҳам бегонагон ҳаваси зиндагии ӯро мекарданд.

Тарзи либоспӯшӣ, қадаммонӣ ва гашту гузораш ҳамаро ба ваҷд меовард, бҳусус вақте, ки ӯ дар чамбараки мошин менишаст. Ҳатто баъзе ҷавонон нишастанҳои ӯ ба сари чамбараки мошинро дида, ҳавас мекарданд, ки кош ҳамсари мо низ чунин мебуд. Онҳое, ки муҷаррад буданд, дар орзӯи он буданд, ки чунин арӯс пайдо кунанд. Ҳар он, ки ӯро мешинохт ва ҳар он ки намешинохту дар гулгашту хиёбонҳо медид, ҳатман ба ӯ ошиқ мешуд.

Зани хеле ҷиддӣ ба назар мерасид ва кам табассум мекард. Хешовандонаш ӯро аз хушбҳтаринҳо медонистанд ва душманонаш низ. Зеро зиндагие, ки ӯ дошт мислашро танҳо дар китобҳои афсонавию романҳои ишқӣ дидан мумкин буд.

Шавҳари Маҷигул Далер на он Далере буд, ки чун солҳои нҳустини зиндагии якҷоя ҳар замон аз Мавҷигул ҷудо шудан мехост. Шояд ба чунин муносибат худи Мавҷигул ҳам сабаб шуда бошад. Зеро ӯ баъди вафоти падараш ва фош шудани асрори модараш ба худ аҳд карда буд, ки дигар ба Далер хиёнат намекунад ва эҳтиромашро ҳамеша ба ҷо меорад.

Далер ҳам, гӯё ҳама ҷангу нофаҳмиҳои аввалро фаромӯш карда буд ва Мавҷигулро чун модари писари ягонаашон Дамир дӯст медошт, нисбаташ меҳрубон ва шефтаву шайдо гашта буд. Ӯ ҳамеша мегуфт, «ман туро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунам ва ҷуз ту касе надорам ва аз ту низ ҳаминро мехоҳам».

Агарчӣ аз зиндагии якҷояи онҳо 8 сол гузашта буд, ҳар бинанда гумон мекард, ки навошиқанду шаҳде ҳанӯз аз гулзори ҳамдигар начашида. Дамири ҳафтсолаи онҳо дар синфи як таҳсил мекард, дӯстрӯяку хушҳол ва дорои истеъдоди худодод буд. Агарчанде ки дар синфи якум мехонд, мегуфтӣ, ки аз уламозодаҳост.

Далер Дамирро хеле дӯст медошт ва заррае зиндагияшро бе ӯ тасаввур карда наметавонист. Дамир ҳам падарашро дӯст медошт, вале дар қиёфа ба падараш ҳеҷ монандӣ надошт. Нусхаи модар буд.

Агарчӣ зиндагии онҳо дар сатҳи олӣ буду аз чизе танқисӣ надоштанд, Мавҷигул ҳасад мебурд ба ҳамсояе, ки қашшоқу камбағал буд, ба дугонае, ки модари яккаву танҳо дошт, ба духтари холаи худ, ки шавҳари бадмаст дошту ҳар рӯз бо ӯ дар хархаша буд ва ҳатто ба занони бешавҳар. Аз зиндагияш ҳамеша норозӣ буд ва аз ҳама бадбҳтона мисли дигар занҳо ба касе дарди дил гуфта, хешро сабук карда наметавонист.

Асрори ӯ ногуфтанӣ буд. Ҳамеша аз он метарсид, ки бо вуҷуди ин ҳама хомӯшиҳо ва сабру тоқат рӯзе асрори хиёнати фош мешаваду Мавҷигул шарманда мегардад. Метарсид, ки Далерро низ тақдири Бақозода интизор асту бо шунидани ҳақиқат ба марг хоҳад расид. Албатта хавотирии ӯ беҳуда набуд, зеро тарафи дигари хиёнат дар ҳаёт буд ва метавонист рӯзе аз худ дарак диҳад.

 

Мавҷигул соли аввали ҳомиладоршавиашро ба хотир оварда, дилаш ғаш мекард. Далер ҳар лаҳзае, ки бо шавқ рӯй ва гӯшҳои худро ба шиками ӯ гузошта, ҳаракатҳои тифлро муайян намудан мехост, аз толеъ ва ояндаи ӯ ҳарф мезад, ба Мавҷигул меваҳои мҳсус мехӯронд, гӯё як чанголи тези оҳанӣ дили Мавҷигулро мехарошид.

Далер ин тундмиҷозии ӯро аз ҳомиладорӣ медонист ва нисбат ба ӯ хеле меҳрубон буд. Аз ин меҳрубонӣ, миҷози Мавҷигул боз тундтар мешуд. Зеро медонист, ки ин фарзанди шавҳари қонуниаш Далер нест ва Мавҷигул кайҳо ба ӯ хиёнат карда буд.

Шабе, ки Дамир ба дунё омад, Далер шабро дар назди девори таваллудхона рӯз кард. Саҳар ҳар замон рӯйи тиреза даст мегардонид ва наметавонист он ҷоро тарк намояд. Баъд аз чанд рӯз Далер Мавҷигул ва Дамирро ба хона овард. Далер як лаҳза аз Дамир дур намешуд. Рӯҳу ҷисму ҷонаш ҳама бо ӯ буданд. Тамоми вақти холияшро бо писарчааш мегузаронид. Шабҳоро сари ҷойгаҳи ӯ рӯз мекард. Хоб чист намедонист ва намехост заррае кӯдакро ноҳинҷор бинад. Ба Мавҷигул меҳрубонӣ карда нигоҳубини тифлро қариб пурра ба дӯш гирифта буд. Ҳамаи ин ба Мавҷигул таъсири баръакс мерасонд.

Ҳар он чи ки метавонист ҳар як модарро хурсанд намояд, ба Мавҷигул дард мебҳшид. Дамири боақлу қобил, дараҷаи заковаташ баланд ба меҳрубонии падар меҳрубонона ҷавоб медод.

Боре ӯ ба модар гуфт:

– Мураббии боғчаамон мегӯяд, ки ҳамаи кӯдакон аз падар дида, модарро бештар дӯст медоранд. Ман баръакс, аз ту дида ӯро зиёдтар дӯст медорам. Хафа нашав оча.

Дар ин 8 сол, аз ҳама зиёд дар олами рӯшан Мавҷигул мехост аз мавҷудияти Мансур фаромӯш кунад ва ӯ дигар ҳеҷ гоҳ пайдо нагардад. Ӯ орзу мекард, ки худованд ҷони Мансурро бистонаду Далер барои ҳамешагӣ чун падари ягона ва ҳамешагии Дамир боқӣ монад. Ӯ ба ин бовар мекард, агар дар ҳақиқат Мансур пайдо намешуд. Вале баъди 8 соли беному нишон ғайб задан, Мансур – падари ҳақиқии Дамир пайдо шуд. Пайдо шуду рӯзи равшан дар чашмони Мавҷигул торик шуданд.

Рӯзе занги телефони хонагӣ садо доду гӯшакро Дамир бардошта гуфт:

– Модарҷон, марде шуморо мепурсад.

Мавҷигул гӯшакро бардошта бо шунидани овози Мансур дигар худро аз даст дод ва аз суҳбат бо ӯ даст кашиданӣ шуда гуфт:

– Дигар ба инҷо занг назан. Ман туро намешиносам.
Ӯ гӯшакро монданӣ шуд, ки Мансур гуфт:

– Соати як ба фалон ҷо биё. Агар наоӣ, худам ба назди фарзандам меравам. Он гоҳ медонӣ ҳоли ту ва шавҳари дӯстдоштаат чӣ мешавад?

Мавҷигул ноилоҷ ба вохурӣ розӣ шуд. Розӣ шуда ҳам наметавонист, зеро аз якравиҳо ва гарданшҳиҳои Мансур огоҳ буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД