Gazprom july 2025
“Газпром нефт Тоҷикистон”: Ба қаллобон бовар накунед!
08.07.2025
Oila.tj
120

Вақтҳои охир таблиғоти бардурӯғ бо истифода аз ном ва логотипи “Газпром нефт Тоҷикистон” паҳн шуда истодааст.

Иттилоъ медиҳем, ки шабакаи фурӯши сӯзишвории “Газпромнефт” чунин таблиғоти онлайниро анҷом намедиҳад ва маълумоти шахсиро тавассути шахсони сеюм ҷамъ намекунад. «Газпром нефт Тоҷикистон» пардохтҳоро амалӣ намесозад, саҳмияҳоро намефурӯшад, лотерея роҳандозӣ намекунад.

Барои эмин мондан аз нохушиҳо, ҳамеша манбаи иттилоотро тафтиш кунед ва танҳо аз манбаъҳои расмӣ истифода баред: замимаи мобилии «АЗС Газпромнефть Таджикистан»; сомонаи «Газпром нефт Тоҷикистон»; саҳифаҳои расмӣ дар “Фейсбук” - АЗС «Газпромнефть»(TJ) ва Instagram - gazpromneft_tj; телефони Хадамоти ягонаи дастгирии мизоҷон: 44 625 51 51

Шарҳи ҳуқуқшинос Холида Шомирзоева:

- Бояд гуфт, ки моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ ҷазо пешбинӣ намудааст. Барои ҳамин, нафароне, ки бо қаллобон ва далелҳои қаллобӣ дучор мешаванд, метавонанд бо ариза ба шуъбаи корҳои дохилии маҳали истиқомати худ муроҷиат намоянд.

Пайгирӣ ва пайдо кардани онҳое, ки дар паси қаллобони интернетӣ қарор доранд, хеле душвор аст. Бинобар ин, ҳушёр будан масъулияти бевоситаи мову шумост!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД