tobiston
Гиёҳҳое, ки ба гирифторони касалии қанд фоида доранд
04.07.2025
Oila.tj
323

Салом! Ман Амриддин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Муддати 3-4 сол мешавад, ки ба касалии қанд гирифтор мебошам. Шунидам, ки табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба ҳама дардҳо даво меёфтааст. Аз ҳамин хотир ба умед муроҷиат кардам, ки шояд ба дарди ман ҳам даво меёбад.

Посухи табиб:

- Шахсоне, ки касалии қанд доранд, бояд ҳатман ба парҳез риоя намоянд, зеро бидуни парҳез табобат намудани ин касалӣ ғайри имкон аст. Шумо бояд аз хӯрдани шириниҳо, ангур, харбуза, анҷир, зардолу, бирёниҳо ва хӯрокҳои тезу тунд худдорӣ намоед. Парҳезро риоя карда, аз давоҳои гиёҳӣ истифода баред, сатҳи қанд дар хунатон баланд намешавад ва худро солиму бардам эҳсос мекунед. Инак, чанд тавсияи муфид барои паст кардани миқдори қанд дар хун.

Барои пешгирии гангирена

Дар ҳар як хона хамиртуруш ҳаст, тахминан 25 грамм хамиртурушро (дрож) бо як истакон ҷурғоти хонагӣ омехта карда, дар дили наҳор нӯши ҷон созед. Ин амалро муддати 10 рӯз давом додан лозим аст. Шумо бояд ҳамчунин ҳар рӯз гречкаро обпаз карда, бе намак ба андозаи иштиҳо ва тавонатон хӯред. Гречка қандро паст карда, хунукӣ ва карахтии пойҳоро бартараф месозад ва хатари гангренаро пешгирӣ менамояд.

Барои паст шудани қанд

Пӯсти лӯбиё - 40 грамм, барги газна - 20 грамм, барги тут - 40 грамм.

Аз се як ҳиссаи (1/3) ин таркибро дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш карда, монед як-ду соат истад. Гиёҳобро баъди ду соат соф карда, рӯздармиён 50-100-граммӣ нӯшидан гиред, қандатон муътадил мемонад.

Давоҳо аз барги дарахтон

Барги биҳӣ, барги чормағз, барги газна ва барги мушхорро ба андозаи баробар гирифта хушк кунед ва 2 қошуқ аз ин гиёҳҳои омехтаро дар ним литр об ҳамагӣ 2-3 дақиқа ҷўшонида, дарҳол оташро хомӯш намоед ва монед ним соат истад, баъдан гиёҳоби ҳосилшударо полонда, рӯзе 3 бор 50-граммӣ бинӯшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД