toyota motors
Гиряи мард (ҚИСМИ 5)
294

Саёҳат бо овози гирифта ва паст гуфт, ки Аҳмад, маро шинохтӣ? Аҳмад истод. Фарзандонашро оҳиста ба ақиб тела дод, то онҳо ин зани бегонаро аз наздик набинанд. Ӯ ба Саёҳат нигоҳ кард, вале дар чашмонаш на ғазаб буд ва на раҳм. Танҳо як холӣ будани бепоён.

Аҳмад ҷавоб дод, ки бубахшед зан, ман шуморо намешиносам. ​Саёҳат бо гиря ба замин афтод ва гуфт, ки Аҳмад, маро нагӯй, ки намешиносӣ, ман модари фарзандони ту ҳастам, ман хато кардам, он мард маро фиреб дод ва ҳама чизамро гирифту партофт, акнун касе надорам, ки як бурида нон диҳад.

​Фарзандони Аҳмад бо ҳайрат ба ин зани гирён нигоҳ мекарданд, вале чеҳраи модарашонро ба ёд оварда наметавонистанд, чун Аҳмад тамоми суратҳои ӯро аз хона нест карда буд.

​Аҳмад бо садои қатъӣ гуфт, ки модари фарзандони ман дар хона мунтазири мост, ӯ занест, ки ба номуси ман ва ин кӯдакон хиёнат накардааст, шумо бошед, танҳо як сояи гузашта ҳастед, ки бо дасти худатон худро дафн кардед.

​Саёҳат дасти Аҳмадро гирифтан хост ва илтиҷо кард, ки ақаллан иҷозат деҳ, ки кӯдаконамро як бор ба оғӯш гирам.

​Аҳмад даст кашид ва гуфт, ки ту вақте бо он мард дар видео механдидӣ, кӯдаконатро дар ҳамон ҷо куштӣ, акнун ба онҳо наздик нашав, чун бӯйи ту бӯйи ҳамон хиёнатро медиҳад, ки қалби маро сӯзонда буд.

​Ӯ ба писараш ишора кард, ки халтаҳоро гирад ва бе он ки ба ақиб нигоҳ кунад, роҳашро давом дод. Саёҳат дар миёни лою борон нишаста, бо садои баланд нола мекард, вале касе ба ӯ аҳамият намедод.

​Аҳмад дар роҳ ба писараш гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба касе, ки боварии туро мешиканад, имкони дуюм надеҳ, чун одам танҳо як бор мемирад ва боварӣ ҳам танҳо як бор аз байн меравад.

​Ин охирин вохӯрии онҳо буд. Аҳмад ба хонаи гарми худ баргашт, ҷое ки Гулнор бо табассум дастархонро ороста буд. Ӯ фаҳмид, ки қасоси беҳтарин на куштан аст ва на дашном додан, балки хушбахт шудан ва фаромӯш кардани касест, ки лоиқи дарди ту нест.

Аҳмад акнун на танҳо як устои сохтмон, балки такягоҳи маънавии ҷавонони деҳа гашта буд. Ҳар бегоҳ, вақте ки офтоб пушти кӯҳҳои баланд пинҳон мешуд ва мардони деҳа дар чойхона ҷамъ меомаданд, Аҳмад бо тамкин ва нигоҳи амиқаш дар байни онҳо менишаст. Ҷавононе, ки нияти сафар ба Русияро доштанд, бо эҳтиром наздаш меомаданд, то дуо ва маслиҳати ӯро гиранд.

​Рӯзе як ҷавони навхат бо номи Холис, ки тоза издивоҷ карда буд, наздаш омад ва гуфт, ки акаи Аҳмад, ман мехоҳам занамро дар хона гузошта, ба муҳоҷират равам, то пули зиёд ёбаму барои ӯ тилову либосҳои гаронбаҳо харам.

​Аҳмад оҳи сарде кашид ва ба дастҳои худ, ки нишони солҳои сахти ғурбатро доштанд, нигоҳ кард. Ӯ ба Холис нигаристу гуфт, ки додарҷон, тилову пули дунё ҳеҷ гоҳ ҷойи ҳузури туро дар канори оилаат намегирад.

​Холис бо ҳайрат пурсид, ки магар пул барои хушбахтӣ лозим нест? Аҳмад ҷавоб дод, ки пул лозим аст, вале на бо қимати гум кардани номус ва оромии рӯҳ. Ту меравӣ, то барояш қаср созӣ, вале дарк намекунӣ, ки қасри бесоҳиб зуд вайрон мешавад. Агар меравӣ, занатро бо худ бар, ё дар ҳамин ҷо бо нони ҷав қаноат кун, вале оилаатро танҳо нагузор.

​Ҷавонон бо диққат гӯш мекарданд. Аҳмад идома дод, ки ман дар мусофират барои касе қаср сохтам, ки ҳатто як хишти вафоро дар дилаш надошт. Ман пул мефиристодам, вале меҳру диққатро фаромӯш карда будам. Зан танҳо ба пул ниёз надорад, ӯ ба такягоҳ, ба нигоҳи гарми шавҳар ва ба тарбияи фарзанд дар канори падар ниёз дорад.

​Яке аз мардони солхӯрда пурсид, ки Аҳмадҷон, пас чӣ бояд кард, ки ҳам ризқ ёбему ҳам оиларо ҳифз кунем?

​Аҳмад бо қатъият гуфт, ки аввал боварӣ ва имонро дар оила мустаҳкам кунед. Ҳеҷ гоҳ занро бо пули зиёд танҳо нагузоред, ки шайтон ҳамеша дар камин аст. Ва муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ гоҳ муҳити бегонаро аз ватани худ боло нагузоред. Ман фаҳмидам, ки баракати кам дар канори зану фарзанд беҳтар аз миллионҳоест, ки дар дурӣ бо заҳру зақум ба даст меояд.

​Ин суханони Аҳмад мисли оби сард ба рӯйи ҷавонон буд. Онҳо дарк карданд, ки муҳоҷират танҳо пулёбӣ нест, балки як имтиҳони бузурги нангу номус аст.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД