formula
Гӯри бе майит Қисми 2
18.09.2022
Дилошӯб
1900

                 Шоми пургунаҳ

-Хуб мешуд, ки ба хонаи модарат равӣ, зеро ман ду- се рӯз дар кӯҳ мемонам,- меҳрубонона таъкид кард Раҳим. Мино шавҳарашро дилпур кард, ки баъзе корҳоро анҷом дода, бегоҳ албатта ба хонаи падарам меравам, вале нарафт…

Рӯзи дигар Мирзо аз кӯҳ рафтани Раҳим хабар ёфта, бо баҳонае ба хонаи Мино сар халонда, таъкид кард, ки бегоҳ меояд. Мино дасту остин барзада оши палав пухт ва мувофиқи тавоноияш дастархон ороста, омадани Мирзоро мунтазир шуд.

Ҷавонмард соатҳои ёздаҳи шаб омада чуноне, ки ба хонаи худаш медаромада бошад, рост ба хонаи хоби Мино даромада, ӯро дар лаби дастархон хоб дарёфт ва дар бараш дароз кашид…

Пас аз чанд лаҳзаи бӯсу канор Мино ошро аз нав гарм карда кашиду дукаса дери шаб ғизои шом хӯрданду чой нӯшиданд ва ба бистар даромаданд… Ин дам аз гӯшаи дигари қишлоқ Раҳим бо дӯсташ Кабир аз мошин пиёда шуданду говҳои харидаашонро ба оғили Кабир дароварданд, соҳибхона Раҳимро ба хона таклиф карда гуфт:

-Ҷӯра аздусар янга дар хона нест. Шарт аст ба он тарафи қишлоқ рафтанат, биё имшабатро дар хонаи мо рӯз карда, фардо асоро дар равшанӣ зан. Вале Раҳим ба хонаи худаш рафтан мехост, зеро ӯро дар ҷойи бегона хоб намебурд, дина то субҳ паҳлӯ гашта мижа таҳ накарда бу ва бояд қусури бехобиҳояшро мебаровард, аз ин рӯ таклифи дӯсташро рад кард.

Ҷавонмард раҳравон меандешид, ки хайрият корашон омад карду зуд ба хона баргаштанд… Раҳим дарвозаро кушода шабчароғи хонаи хобро фурӯзон дида пичиррос зад:

-Занаки якрав, гуфтам-а хонаи модарат рав, не, нарафтааст!- Раҳим барои нофор накардани зану фарзандаш хост оҳистаяк ба меҳмонхона гузашта хобад, вале назди дар пойафзоли мардонаро дида, дилаш таҳ кашид ва дари хонаи хобро кушод…

Дар равшании хираи шабчароғ ҳамсарашро дар оғӯши марди бегона дида, дар ҷояш шах шуд ва бо хашм аз мӯйҳои Мино гирифта кашид. Зан дод зада аз ҷояш хест, Мирзо бошад, бо либосҳои таҳпӯш тир барин аз хона баромад, Раҳим ҳатто намедонист, ки марди паҳлӯи занаш дар бистари ӯ хобида кӣ буд?

Раҳим то хунук шудани дилаш Миноро зери мушту лагад гирифт, ҷавонзан мисли тӯб аз як гӯшаи хона ба гӯшаи дигари хона мепарид, аммо оҳ намегуфт.

Оқибат мард дар кунҷаки хона нишасту мисли кӯдак ба гиристан сар кард, писарчааш Сафӣ низ бедор шуда ғаш мекард, ҳамсояҳо доду войро шунида, як-як чароғҳояшонро фурӯзон карда, аз сари девору сӯрохии шиғ ба хонаи онҳо менигаристанд… 

                     Ашки мард

Мино хомӯшу бесадо кӯдакашро дар бағалаш гирифта, ашк мерехт. Субҳ дамиду Раҳим чизе нагуфта, ба хонаи хусураш рафт. Дар рӯи кат бародари калонии ҳамсараш чой нӯшида менишаст, ӯ субҳи солеҳон омадани домодашонро дида, аз ҷой хест ва ба нишастан муроот кард. Раҳим дар як гӯшаи дастархон нишаста гуфт:

-Ака, ман имшаб Миноро бо марди бегона доштам, дигар зиндагӣ бо ӯ барои ман ҳаром аст. Ман сарамро гирифта аз ин диёр меравам, барои ҳамин омадам, ки назди шумо талоқи хоҳаратонро диҳам… Юсуф, бародари Мино аз ин оромии домодашон ба хашм омада гуфт, “агар ту занатро бо марди бегона доштӣ, чаро сарашро аз танаш ҷудо накарда, назди ман омада «сводка» медиҳӣ, ба ман хоҳари фоҳиша даркор нест, агар пояшро ба ин даргоҳ монад, аз пешонияш мепаронам!”

Ҳамин тавр Раҳим аз хонааш сари хас нагирифта, баромада рафт, Мино ба мардум мегуфт, ки шавҳараш ба хабаргирии акааш ба Русия рафтааст. Воқеан як бародари Раҳим дар яке аз шаҳрҳои Федератсияи Руссия зиндагӣ мекард, ӯ ҳангоми дар хизмати аскарӣ қарор доштанаш он ҷо хонадор мешаваду дигар ба Ватан барнамегардад.

Аз ин воқеа се сол гузашт, мардум онро каме фаромӯш ҳам карда буданд, Мино дар хонааш танҳо мезист ва ғайр аз Мирзо бо мардони дигар низ рафту омад дошт. Хешу табораш аз вай рӯ гардонида буданд, вале пас аз се сол Раҳим боз пайдо шуд ва гӯё чизе нашуда бошад, ба назди зану фарзандаш баргашт ва шояд ба нигоҳҳои нафратбори мардум тоб наоварда, хонаашро фурӯхта, зану фарзандашро гирифта ба Русия рафт.

Дар Русия бо ёрии бародари Раҳим, Расул онҳо соҳиби хонаю дар ва кор шуданд. Мино дар сехи қаннодӣ кор мекарду Раҳим бошад, ронандаи сардори корхона буд, фарзандашон дар мактаби хубе таҳсил мекард.

                         Подоши қисмат

Сафӣ дар хунаш меҳр ба варзиш дошт, ҳамеша ба машқ машғул буду бо қомати болою бозувони бақувати хеш ҷавониҳои Мирзоро ба хотири модараш мерасонд. Сафӣ баъди хатми мактаб ба ягон донишгоҳ дохил нашуда, дар маркази дилхушие, ба ҳайси муҳофиз ба кор даромад ва бо ҷавонони кавказиии бероҳае ошно шуд. Гапи Мино дигар ба ӯ намегузашт, Раҳими нармдилро бошад, тамоман писанд намекард.

Чанд рӯз Сафӣ бедарак шуд ва Мино чун мурғи посӯхта ба чор тараф медавид. Баъд аз як ҳафтаи гум шудани писараш ӯ ҷойи пулҳои пинҳонияшро дид, ки ягон тини пуччак низ нест. Зану шавҳар бо умед пул ҷамъ мекарданд, ки дар ватан хонае харанд…

Пас аз як моҳ Сафӣ аз Дубай занг зада, ба модараш гуфт, ки ӯ ин ҷо кор омадааст ва телефонашро кушт. Акнун ҷавон дар як ҳафта як бор занг зада, аз модар авҳол мепурсид, пас аз шаш моҳ шоме ба телефони Мино марди ношиносе занг зада, бо забони шикастаи русӣ гуфт, ки писаратон дар манзили иҷорааш худашро овехтааст. Нолаи модари баргаштабахт дили сангро об мекард ӯ дар тақдири бади писараш худро гунаҳгор медонист, писарашро мисли бесоҳибон дар ким кадом мазоре дар ғарибӣ гӯр кардаанд.

Бори аввал баъд аз бисту се сол Мино ба ватан омад, сари гӯри падару модараш рафта, хоки сиёҳро ба сараш бод кард. Либосҳои писарашро бари гӯри падараш хок карда, он ҷо барои Сафӣ гӯри ёдгорие сохт.

Дар хонаи падарӣ маъракаҳои писари гумроҳашро дода, ҳамроҳи хешу табор сари мазори аламҳои дилаш то канда шудани ғубори дили хастааш гиристу гирист ва боз баргашт ба мулки ғарибӣ, Худо медонад, ки дигар ба дидори Ватан мерасад ё не…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД