arzon replenishment
Гули рӯи қабр Қисми 2
1297

Беморӣ

Диле, ки ранҷ мекашад, то кай саломат аст? Ҳарчанд зиндагии тинҷу осуда дошта бошад ҳам, ғаму дард оқибат кори худро карду Рӯзигул ба бемории дил печид. Писарону духтаронаш барои шифои модар чӣ коре аз дасташон биёяд мекарданд. Диловар ба ҷону ҳоли модар намонда, ӯро ба Олмон барои ҷарроҳӣ бурд, пас аз ҷарроҳӣ шаш сол беморӣ аз худ хабар надод, вале боз хурӯҷ кард. Келини табибаш Латофат шабу рӯз аз бари хушдоман дур набуд, то метавонист хизмати ӯро мекард, аммо марг ба гиребони ин зани нозанину хушахлоқу боҳунар панҷа зад. Як рӯзи баҳорон ӯ дар ҳалқаи наздикону пайвандон ҷон ба ҷонофарин супориду дили онҳоро хонаи ғам намуд. Фарзандон нола мекарданд, мардум хислатҳои неки ин зани фарзонаро мегуфтанду мегиристанд. Дугонаи Рӯзигул холаи Садафмоҳ, ки барои вай мисли апа дилсӯз буд пас аз гиряву нола гуфт:

- Рӯзигул зане буд, ки дар зебоӣ ҳамто надошт, аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, фарзандонро дар танҳоӣ чунин хубу тавоно ба воя расонид, Худо раҳматаш кунад. Худро қурбони сарнавишт кард хоҳари ман, ҳама мегиристанд, зеро ин гапҳо ҳақиқат буданд. Воқеан, Рӯзигул хеле ва хеле зебо буд, сафеду марғулакокулу қоматбаланди хушмандом, аммо афсӯс. Синаш аз шаст гузашта бошад ҳам, ҷавону зебо метофт, зеро ботини зебо дошт ин зани биҳиштӣ. Пас аз марги Рӯзигул воқеае рӯй дод, ки ҳама фарзандони ин зани ормониро дар ҳайрат гузошт.

                          

                           Гулборони рӯйи қабр

Диловару Дилписанд ҳар субҳ ба сари гӯри модар мерафтанд ва онро ғарқи гул медиданд, аввал гумон карданд, ки ин кори хоҳаронашон аст. Чун хоҳарон рад карданд, онҳо кори шогирдон гуфтанд, вале баъд…

Ин гулборон як моҳ давом кард ва додарон хостанд маълум кунанд, ки ин кори кист ва як шаб дур аз гӯристон даруни мошин посбон истоданд. Нав субҳ дамида буд, ки мошини гаронбаҳои хориҷие дар наздикии гӯристон қарор гирифт, аз он марди ришдори тахминан 65-70-сола барун шуд, ки бағалаш пури гул буд ва сӯйи гуристон роҳ гирифт. Бародарон аз пасаш рафтанд ва диданд, ки мард аввал сари гӯри модарашон намоз хонду баъд гулҳоро гузошта нишаст, Диловару Дилписанд низ паҳлӯи мард истоданд ва аз ӯ пурсиданд, ки кист, ки қабри модари онҳоро гулафшон мекунад.

Мард оби чашмонашро пок карда гуфт:

-Ман модари шуморо аз синни шонздаҳсолагияш дӯст медорам, вале ӯ ба гапи волидонаш рафта, ишқи маро қабул накард. Баъди вафот кардани падари шумо ҳам, ман ба ӯ хостгор мондам, вале ӯ гуфт, ки ман фарзандонамро пеш-пеши пойи падарандар намекунам. Ман ду писар дорам ва қасам хӯрдам, ки фарзандони туро аз писарони худам кам намедонам, аммо ӯ рад кард. Барои ӯро надидану насӯхтан, ман аз ин шаҳр кӯчидам, як рафиқам аз ишқи ман хабар дошт ва марги модараи шуморо ба ман расонид. Инак, як моҳ боз ман сари ин қабр меояму диламро таскин медиҳам. Худо шоҳид, ки байни ману модари шумо ягон муносибат набуд, аммо ман як умр ошиқи ӯ будам.

Мард инро мегуфту мегирист, Диловару Дилписанд ӯро сари гӯри модар монданду ба хона баргаштанд, давоми роҳ онҳо ба якдигар ҳатто ҳарфе бадал накарданд. Ҳар кадоме дар фикри худ бо модар дар гуфтугӯ буданд, аз ӯ узр мепурсиданд…

                                                                          Нисо Холид

                              

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД