formula55
Гулманту
1486


                    Маҳсулоти лозима:
Тухм - 2 дона;
Об – 300 мл;
Орд – 900 гр
Равғани маска - 60 гр

                       Барои қимма:
Гӯшти гов – 1,5 кг
Пиёз – 1 кг
Намак, мурч, зира – мувофиқи табъ
Равғани растанӣ – 70 гр

                      Тарзи таҳия:
Аввал дар зарфе тухм, намак, об ва равған рехта, омехта мекунем, баъд ордро илова карда, хамир мешӯрем. Хамирро муддати 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем.

Дар ин миён барои қимма гӯшт ва пиёзро чоркунҷа реза карда, намак, мурч, зира, равғани растанӣ меандозем ва омехта мекунем.

Хамирро аз яхдон гирифта, тунук мекунем ва дароз-дароз мебурем. Дар байни ҳар як зуволаи буридаамон маҳсулоти омодашударо мерезем. Паҳлуи хамири буридаро ба паҳлуи дигараш маҳкам карда, сипас аз канори дарози он мисли гули садбарг мепечонем ва ба болову поёнаш равған мемолем.
Баъди ҷӯшидани об ба табақҳои (лист) мантупазак равған молида, мантуҳоро мечинем ва ба болои бухорӣ мегузорем.
Баъди 45 дақиқа гулманту мепазад. Болои мантуҳои пухтаро равған молед ё кабудӣ пошед, зеботар ба назар мерасанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД