formula
Гулоб дарди сарро мегирад?
1928

Чандест, ки маро дарди сар азият медиҳад. Аз шиддати дарди сар ҳатто гӯшҳоям шуввосзанон садо медиҳанд. Чанд бор ба назди духтур рафтам. Фишори хунамро санҷида гуфтанд, ки давлени, яъне бемории фишорбаландӣ надорӣ. Метарсам, ки коронавирус нашуда бошам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Ягон давои халқие ҳаст, ки маро аз дарди сар халос кунад?

Қиматой, аз шаҳри Панҷакент.

Посух

Нӯшидани гулоб дардҳои номаълуми сар ва хастагии асабро бартараф менамояд. Ман худам ҳар гоҳ ба дарди сар гирифтор шавам, гулоб менӯшам. Ним истакон аз ин нӯшокии биҳиштӣ нӯши ҷон кардан кофист, ки дарди сар гум шуда, табъи кас болида гардад. Тайёр кардани гулоб кори душвор нест, вале каме заҳмат металабад. Мардуми Балкан гулобро ин тарз тайёр мекунанд:

Нусха

Ҳангоми шукуфтани гулҳои садбарги сурх, сиёҳ ва сафед бонкаҳои 3 литраро то нисфашон бо барги гул пур карда аз болояш то гулӯи бонка об мерезанд ва каме шакар илова намуда, даҳони зарфро маҳкам мекунанд. Дар муддати як ҳафта ранги гул ба об баромада гулоби шифобахш тайёр мешавад. Субҳу шом як истаконӣ аз ин нӯшокии биҳиштӣ бинӯшед, дарди сар дигар ҳатто дар гирди сари шумо чарх намезанад!

Нусхаи дигар

Як қошуқи ошхӯрӣ пудинаи боғиро дар зарфе андохта аз болояш 250 гр., оби ҷӯшомадагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам кунед. Пас аз 1-2 соат гиёҳобро полонда дар давоми рӯз кам-кам бинӯшед, дарди саратонро мегирад.

Нусхаи сеюм

Як қошуқ пудина ва як қошуқ бобуна (ромашка)-ро дар ним литр оби ҷӯш дар термос дам карда, як қисмашро бегоҳ пеш аз хоб ва қисми дигарашро субҳ бо як қошуқи асал омехта карда бинӯшед, асабатон ором гашта, дарди сар шуморо нороҳат нахоҳад кард. Гуфтагӣ барин, шумо метавонед барои бартараф намудани ғуввос ва садо ба гӯшҳоятон ҳар шаб як ё ду қатрагӣ равғани зардолу чаконед. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД