sebiston july new
Тоҷикобод: Шавҳару хушдоманаш ба Ҷаҳонгул марги муш доданд ё...?
4203


Дар ноҳияи Тоҷикобод як ҷавонзани 28-солаи модари ду фарзанд бар асари зарҳолудшавӣ аз марги мӯш ба ҳалокат расидааст. Яке аз ҳамдеҳагони Ҷаҳонгул Муродова мегӯяд, ин ҷавонзани бадбахт тасодуфан марги мӯш нахӯрдааст, ӯро қасдан заҳролуд карда куштанд...

Як сокини ноҳияи Тоҷикобод бо исми Сафаралӣ субҳи имрӯз ба идораи сомонаи ОИЛА-ТЧ занг зада, аз марги Ҷаҳонгул ном ҷавонзани 28-сола дар деҳаи Мазори болои ҷамоати Лангари шоҳ хабар дод. Сафаралӣ мегӯяд, марҳум Ҷаҳонгул Муродова модари ду фарзанд гашта бошад ҳам, зиндагиаш ҳамеша бо заҳри ғам олуда буд. Шавҳараш баҳудаю беҳуда ӯро зери мушту лагад гирифта, азоб медод, хушдоманаш низ Ҷаҳонгулро чашми дидан надошт ва сояи келинро мудом аз девор метарошид.
Ба қавли ин мард хушдомани Ҷаҳонгул бисёр зани бадтол, шаттоҳ ва бадзабон буда, се келинаш аз ҷабри ӯ аз хона баромада рафтаанд. Ин зани умраш ба ҷое расидаю ба мӯяш сапедӣ дамида ба ҷойи ҷавононро насиҳат кардан, аз сари рашк ҳамеша байни писар ва келинаш шӯр андохта, низоъ меангехтааст. Шавҳараш бо балвои модар мудом ҷавонзани бечораро мурдакӯб мекардааст, аммо Ҷаҳонгул ба хотири фарзандонаш ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳари муштзӯр ва хушдомани бадзабонаш тоқат мекардааст. Билохира, сабӯрӣ ба сараш бало гашта, Ҷаҳогули аз зиндагӣ наосуда ҷони ҷавонашро аз даст медиҳад. Сафаралӣ мегӯяд, шаби 25-уми июл шавҳар ва модаршӯяш Ҷаҳонгули бечораро мурданивор зада, тамоми азои баданашро сиёҳу кабуд кардаанд. Ба ин ҳам қонеъ нагашта, очаю бача ба ин ҷавонзани бе пушту паноҳ марги мӯш медиҳанд ва сипас овоза паҳн мекунанд, ки гӯё келинчак даст ба худкушӣ зада бошад.

Ҷаҳонгул Муродова аз рӯйи гуфти ин мард бар асари лату кӯби зиёд ва заҳролудшавӣ дар беморхона ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Айни замон маълум нест, ки мақомот ин ҳодисаро ҳамчун худкушӣ банду баст мекунанд ё гунаҳкорони марги Ҷаҳонгул Муродова дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод. Бо пайдо шудани маълумоти тоза дар ин бора мо шуморо огоҳ хоҳем кард. Бо ОИЛА-ТЧ бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД