sebiston july new
“Гулшан” дубора эҳё гашт (Видео)
4415

 

Санаи 22-юми июн дар бинои Филармонияи Давлатии Точикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба 55-умин солгарди Оркестри эстрадии «Гулшан» тахти унвони «Шарораи хотираҳо» барпо гашт.

Дар ин барномаи рангини ҳунарӣ дар баробари овозхонҳои “Гулшан” ҳамчунин нафароне ширкат варзиданд, ки дар вақташ обрӯи ин оркестрро баланд бардошта, Гулшанро Гулшан карда буданд. Аҳли толор хоса баромади Махфират Ҳамроқуловар хеле гарм истиқбол гирифтанд.

Махфират Ҳамроқулова дар ин маҳфили зебои ошиқона таронаи машҳури “Гулҳои Душанбе”-ро суруда, дар замири аҳли нишаст ба қавле эҳсоси “настолгия”-ро бедор кард. Ёдрас мешавем, ки ин тарона замони Шӯравӣ хеле маъуф буд ва тез-тез аз шабакаи телевизион садо медод.

Ёдрас мешавем, ки сарояндаи машҳури тоҷик Махфират Ҳамроқулова чандин сол инҷониб дар Амрико зиндагӣ мекунад ва мегӯяд ӯ дар он сӯйи уқёнус бошад ҳам, ҳамеша бо ёди Ватан аст. 

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД