formula55
Гум кардани пойпӯши варзишӣ дар хоб
2416

Шаби гузашта хоб дидам, ки дар поям пойафзоли варзишии кабуд дорам, вале ба куҷое меҳмонӣ рафта, пойафзоламро гум кардаам. Ҳарчанд кофтам дигар онҳоро пайдо карда натавонистам. Таъбири хобамро донистан мехоҳам.

Меҳроб, муштарии "Оила"

Пойафзол дар хоб ҳолати иқтисодии шахси хобдида ё вазъи оилавии ӯро нишон медиҳад, вале таъбири хоб ба бисёр чизҳои дигар низ алоқамандӣ дорад. Кас хоб бинад, ки пойафзоли нав харидааст, вале он ба пояш танг ё баръакс кушод аст, ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегардад ё ба гирдоби қарз меғӯтад.

Мард хоб бинад, ки пошнаи пойафзолаш афтидааст ё попӯшии бе пошна харидааст, бо зани шавҳардида хонадор мешавад ё духтареро ба занӣ мегирад, ки бокира нест.

Зан хоб бинад, ки пойафзолаш танг аст ва пояшро фишор медиҳад, бо мушкилиҳо рӯба рӯ гашта, азоби рӯҳӣ мекашад. Хоб бинед, ки пойафзоли нав дар даст доред, вале ҳанӯз ба поятон онро напӯшидаед, аз ҷое, ки аслан интизор нестед, даромади калони пулӣ ба даст меоред. Аммо харидан ё пӯшидани пойафзоли рангаш зард чандон хуб набуда, ба беморӣ ишорат мекунад.

Дар хобатон шумо пойафзоли ба мавсим муносиб дошта бошед, дар ҳаётатон ягон ҳодисаи хурсандиовар рӯй медиҳад, вале дар тобистон мӯза ё дар зимистон пойафзоли тобистона пӯшида бошед, сар задани баъзе мушкилиҳое имкон дорад, ки шахси хобдидаро каме саргаранг карда метавонанд.

Кашидани попӯшӣ дар хоб фоли нек аст, вале касе, ки пойафзолашро гум мекунад, дар ҳаёти оилавиаш моҷароҳои зиёде сар зада, кор то ба талоқ ва ҷудоӣ расида метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД