Formula novemver 2024
Гушнамаст (ҚИСМИ 2)
1515

Бибии сигоркаш

Тағоям бо духтараки русе хонадор шуд, занаш модаркалонамро чашми дидан надошт. Бибиям ба қишлоқ рафт, акнун он ҷо як хоҳараш, ки баъди садамаи нақлиётӣ маъюб шуда буд, зиндагӣ мекард, модаркалонам ҳам бо ў пайваст. Ман донишгоҳро хатм карда, дар як ташкилоти байналхалқӣ ба кор даромадам. Маошам хуб буд, дар маркази шаҳр хонаи люксеро ба иҷора гирифтам, акнун модаркалон зуд-зуд ба наздам меомад. Ҳарчанд панҷ вақт намозамро тарк намекардаму ҳамеша сарам хам ба кори худам машғул будам, хостгор надоштам, охир кӣ духтари бесоҳиберо келин мекунад?! Дар донишгоҳ як дугона доштаму зуд-зуд ба хонаашон мерафтам, волидони ў хостанд маро келин кунанд, аммо…

Бародари ў ҷавони донишманду хушахлоқе буд, падару модараш ҳам ба ман меҳрубон буданд. Хеле мехостам ба ин оилаи фарҳангиву ба ҳам дўст пайвандам. Падари дугонаам бобоямро мешинохт ва мегуфт, ки агар корамон барор гирад, ман туро назди бобоят мебарам. Мо бибиямро даъват кардем, бибиям назди волидони дугонаам сигор кашид ва модари дугонаам аз баҳри ман гузашт. Ў гуфтааст, ки аз ин гуна бибӣ набераи хуб намебарояд, аз ҳафт пушташ безорам!

Шиносоӣ бо бобоям

Дар бораи бобоям ҳамеша ҳарфи хуб мешунидам ва тасмим гирифтам, ки ба наздаш меравам, ҳар чӣ бодо бод! Кофта-кофта ҳавлии бобоямро, ки дар як маҳаллаи сарватмандони шаҳр воқеъ буд, ёфтам, занаш дар донишгоҳ дарс медодааст, ду писараш дар хориҷи кишвар мехондаанд. Занаш маро хеле хуб пешвоз гирифт, бобоям бошад, ба ман мисли бегонаҳо муносибат мекард, ман ўро хуб мефаҳмидам. Бобоям дар бораи бибиям он қадар чизҳоеро бароям нақл кард, ки шокӣ шудам. Ҳангоми хайрухуш ў бароям пул доду занаш бошад, матои қиммату қанду қурси зиёд, баъдҳо гоҳ-гоҳ назди бобоям мерафтам, ҳарчанд бо ҳам бегона будем. Аммо занаш ба ман хеле меҳрубон буд…

Чун бибиям фаҳмид, ки бобоям баъзе сирҳояшро ба ман кушодааст, девона шуд ва ман фаҳмидам, ки ҳама гапҳояш дар бораи бобоям дурўғанд. Чанд сол пеш бобоям аз вабои фарогири “КОВИД-19” фавтиданд, ман бо зану фарзандонаш муносибат дорам, ҳарчанд бибиям зани ўро ҳақорат медиҳаду фарзандонашро ҳаромӣ мехонад.

Умре хору зор

Ростӣ, азобҳои айёми тифлӣ кашидаам маро бемор кардаанду зери назорати духтурон қарор дорам. Модаркалонам бошад, ба бемории “инсулт” гирифтор шуда, бистарӣ аст. Ман барои ў парастор гирифтаам, зеро хоҳараш маъюб асту наметавонад ўро нигоҳубин кунад. Ҳарчанд бибиям дар хонаи модараш, ки чандин сол пеш вафот кардааст, дар қайд аст, духтари хоҳари маъюбаш ба ман мегўяд, ки модаркалонатро гирифта бар, ман модарамро ба назди худам мебараму хонаро мефурўшам.

Ман ин корро карда наметавонам, зеро рўзи дароз дар ҷойи кор қарор дорам, бибиям рўйи бистари беморӣ азоб мекашад, писараш дар Русия зиндагӣ мекунаду боре занг зада, аҳволашро намепурсад, куҷо монад ёрии моддӣ! Азобҳои бибиямро мебинаму ҳарфҳои бобоям ба гўш мерасанд:

- Ман намедонам бибии ту чӣ хел мемурад?!

Ба рухсораҳои зарду заҳири бибиям ашкҳояш мешораду мешорад, дилам ба ҳолаш месўзад, аммо магар пушаймонӣ суде дорад?

ФАРЁНА

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД