Arzon march 2024
Иқдоми навбатии Нишонзода
605

Рӯзномаи “Хатлон” навишт, ки Шаҳноза Маҳмасаидзода, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати дастгирии омӯзгорони ҷавон боз ба 12 нафари дигар замини наздиҳавлигӣ додааст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки шуъбаи маориф ва Ҳукумати ноҳия ҷиҳати даъвати 38 нафар омӯзгор ба муассисаҳои таълимӣ ва бо ҷойи истиқомати муваққатию замини наздиҳавлигӣ таъмин кардани онҳо эълон дода буд.

Баъди ин, 30 омӯзгори ҷавон бо замин барои бунёди хона таъмин шуданд. Сертификати замини наздиҳавлигӣ дар маросими таҷлил аз Рӯзи омӯзгорон ба мутахассисони ҷавони соҳаи маориф тақдим карда шуд.

Вобаста ба ин, ҳоло боз ба 12 нафар омӯзгор Сертификати заминҳои наздиҳавлигӣ тақдим карданд”,-навиштааст манбаъ.

Ба иттилои мудири шуъбаи маориф соли таҳсили 2022 - 2023 аз тарафи раиси ноҳия бо пешниҳоди мудири шуъбаи маориф наздик ба 100 нафар омӯзгор ва кормандони соҳаи маориф Сертификати замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД