goodwell
Ифтитоҳи бинои нави литсейи «Дурахшандагон»-и ВКД дар Душанбе
10.11.2026
оила.тч
68

Ифтитоҳи бинои нави литсейи «Дурахшандагон»-и ВКД дар Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои нави литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии кишварро ифтитоҳ намуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, муассисаи нави таълимӣ барои қабули 640 хонанда пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ барои таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Гуфта мешавад, ки имсол бори нахуст дар литсей қабули наврасон аз синфи 8 ба роҳ монда шудааст. Минбаъд довталабон барои дохил шудан ба муассиса бояд аз озмун гузашта, имтиҳонҳои хаттӣ супоранд.

Литсейи «Дурахшандагон» яке аз муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД