arzon replenishment
Қил дар хоб
1307

Салом алейкум! Шаби гузашта ман як хоби начандон хуб дидам. Дар хобам аз нони мехӯрдаам чанд тора мӯйи сари дароз баромада,дилам беҷо шуд. Мегӯянд, ки мӯй, махсусан мӯйи дароз дар хоб хуб нест. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!

Сайёд, хонандаи "Оила"

Аслан мӯйи дароз дар хоб фоли нек аст, агар он дар ҷойҳои ғайри муқаррарӣ, аз қабили кафи даст ё рӯйи инсон набаромада бошад.

Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, мӯйи сар дар хоб ба дороӣ ишорат мекунад. Кас хоб бинад, ки мӯяш дароз шудааст, аз ягон сарчашмае, ки интизораш нест, даромади калон ба даст оварда, бою бадавлат мешавад.

Эҳтимол дар лоторея бурд мекунад ё чизеро мерос мегирад. Аммо баромадани мӯй аз хӯрокворӣ ва нон таъбири дигар дорад.

Мувофиқи хобномаи иасломӣ, агар кас хоб бинад, ки аз хӯрок ё нони мехӯрдааш мӯйи сар баромадааст, дар борааш овозаҳои нохуш паҳн шуда, асабонӣ мегардад ё ба туҳмат гирифтор шуда, ғусса мехӯрад.

Ҳамчунин, хӯрдани луқмае, ки бо роҳи ҳаром, яъне макру фиреб ба даст омадааст, метавонад боиси дидани чунин хоби нохуш гардад.

Ғайбдони машҳур Ванга низ гуфтааст, ки баромадани мӯй аз хӯроке, ки инсон мехӯрад, ба заҳри забон ишорат мекунад ва шахсе, ки чунин хоб дидааст, бадхоҳон ва душманонаш дар бораи ӯ овозаҳои нохуш паҳн карда метавонанд.

Ванга маслиҳат додааст, ки шахси чунин хоб дида, эҳтиёт шуда, розҳои дилашро ба касе нагӯяд.

Аммо дар баъзе хобномаҳои дигар омадааст, ки баромадани мӯй аз нон ва хӯрок аз вохӯрии шахси хобдида бо одамони хасис ё сар задани баъзе мушкилиҳо дар ҷойи кор дарак дода метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД