sebiston july new
Илми тоҷик ба сураё рафт
695

Ду хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girls’ Mathematical Olympiad) байни 55 давлати дунё Парчами кишварро боло бардошта, математикони оламро ба ҳайрат оварданд.

Тибқи хулосагирии комиссияи озмун тоҷикдухтарон Аниса Буриева соҳиби ҷойи сеюм ва Фараҳноз Нормуродзода сазовори мавқеи ифтихорӣ гардид.

Озмуни мазкур аз 13 то 18 апрел дар Ҷумҳурии Словения баргузор гардида, дар он 213 хонанда аз ИМА, Чин, Австралия, Олмон, Канада, Англия, Ҷопон, Исроил, Бразилия, Фаронса, Мексика, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Колумбия, Юнон ва дигар давлатҳои мутараққӣ иштирок доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД