Formula novemver 2024
Ҷилои ҳунар” дар Истаравшан
529

 

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, бахшида ба Соли нави мелодӣ фестивал-озмуни "Ҷилои ҳунар-2023” баргузор гашт. Донишҷӯёни коллеҷ беҳтарин намунаҳои дастранҷи худро, ки дар давоми сол эҷод шудааст, пешниҳод карданд. Дар озмун гурӯҳҳои "Гаҷкорӣ", "Заргарӣ", "Зардӯзӣ", "Кандакорӣ", "Кашидадӯзӣ", "Қолинбофӣ", "Наққошӣ" ва "Тарроҳӣ" байни ҳам сабқат намуданд. Иштирокчиёни фестивал-озмуни "Ҷилои ҳунар"-2023 дар се ошёнаи бинои навбунёди Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан намунаи ҳунарҳои худро ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин аз ҷониби гурӯҳҳои тарроҳӣ ва кашидадӯзӣ намоиши либосҳои миллие, ки дар давоми сол аз ҷониби донишҷӯён дӯхта шудаанд, баргузор гардид. Дар кори фестивал-озмуни “Ҷилои ҳунар-2023” Раиси ассатсияи ҳунармандони вилояти Суғд Муҳаммадҷон Ёқубов, мудири бахши кор бо занон ва оила дар шаҳри Истаравшан Гавҳарой Раҳимова, Раиси бахши истаравшании иттиифоқи нависандагони Тоҷикистон шоира Раънои Зоирдухт, намояндагони бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан, ҳанармандон, директорони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида ба корҳои эҷодии донишҷӯён баҳогузорӣ намуданд.

Дастранҷи ҳунармандони ҷавони коллеҷ аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳои баланд гирифта, таъкид гардид, ки дар фестивал-озмуни имсола донишҷӯён нисбат ба солҳои қаблӣ фаъолтар буданд ва асарҳои беҳтаринро офаридаанд.Шоҳҷоизаи фестивал насиби донишҷӯи курси 1 Исоева Марям гашт. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Дар охир аз ҷониби дастаи карнайнавозон ва ансамбли созиву овозии «Дилшод» бо роҳбари Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миркомил Ҷалолов ва бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан барномаи фарҳангии идона баргузор гардид. Бояд гуфт, ки фестивал-озмуни эҷодии "Ҷилои ҳунар" ҳамасола дар ҷашнҳои "Соли нав" ва "Наврӯз" баргузор мегардад.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД