Имрӯз нишасти хабарии пеш аз бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” баргузор мешавад
25.11.2025
Oila.tj
75

Имрӯз, 25-уми ноябр пеш аз бозии даври панҷуми Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гардида, соати 17:00 оғоз мешавад. Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳо - Игор Черевченко (“Истиқлол”) ва Жоржи Жезуш (“Ал-Наср”), инчунин бозигарони дастаҳо посух хоҳанд дод.

Ба диққати рӯзноманигорон расонида шудааст, ки аккредитатсияҳое, ки қаблан барои бозиҳои “Истиқлол” гирифта буданд, барои бозии дарпешистода эътибор хоҳанд дошт.

Ёдовар мешавем, ки пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. “Ал-Завра” ва “Истиқлол” соҳиби 6-имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД