Имрӯз, 14-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Мале бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Малдив ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, оғози рақобат соати 15:30 мебошад. Дар ин бозӣ тими миллии Тоҷикистон бо либоси сафед ва Малдив бо либоси сурх ба майдон мебароянд.
Алишер Ҷалилов, Ҳамадонӣ Камолов, Ваҳдат Ҳанонов ва Рустам Ятимов бо далели ҷароҳат ва Шаҳром Самиев бо далели гирифтани барзиёди корти зард дар ин бозӣ иштирок карда наметавонанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ бозӣ карда буд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 8520 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар даври дуюм тими миллии Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин натиҷаи мусовии 2 бар 2-ро ба қайд гирифт. Дар бозии даври сеюм тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 0 муқобили Малдив дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои Тоҷикистон, Тимори Шарқӣ, Малдив ва Филиппин шомил мебошанд. Ҳоло дар гурӯҳ Филиппин ва Тоҷикистон бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якум ва дуюм мебошанд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.