goodwell
Имсол 12 номгӯй китоби дарсӣ барои синфҳои 5-6 нашр карда мешавад
03.07.2026
Oila.tj
105

Бо дастгирии шарикони рушд соли равон нашри 12 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва математика барои синфҳои 5-6 бо теъдоди умумии беш аз 1 миллиону 846 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин хусус 30-юми июн дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа оид ба масъалаи ҷараёни таҳия, бознигарӣ ва нашри барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ иттилоъ дода шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм, вазорат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд то имрӯз 23 номгӯй китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо теъдоди беш аз 2,5 миллион нусха ба нашр расонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД