Commerce bank may-june 2026
Имтиҳоноти қабул ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар оғоз ёфтанд
85

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июл даври асосии имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ оғоз ёфт.

Барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ сабтиномшуда имтиҳонҳо аз қисмҳои А (дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) гузаронида мешаванд.

Марказҳои имтиҳонӣ барои даври якум дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 21 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Турсунзода, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ ташкил карда шудаанд.

Бино ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври якуми имтиҳонҳо дар 55 маркази имтиҳонӣ то 10-уми июл идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД