1xbet
Инкасатор дар ноҳияи Ашт 3,7 миллион сомониро аз худ кардааст
182

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки як корманди филиали бонки “Душанбе-Сити” дар ноҳияи Ашт бо гумони азонихудкунии маблағи калон таҳти тафтиш қарор дорад.

Ба иттилои ВКД, ин шахс, ки ҳамчун саргурӯҳи ҳамли пул (инкасатор-бригадир) дар филиали бонки мазкур фаъолият мекард, дар рӯзҳои 27 то 30-юми июни соли 2025 аз терминалҳои худпардохт (банкоматҳо) 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда, онро ба суратҳисоби бонк интиқол надода, аз худ кардааст.

Ҳарчанд ному насаби гумонбар ифшо нашудааст, мақомоти ВКД ӯро сокини 32-солаи ноҳияи Ашт муаррифӣ мекунанд.

Мақомоти тафтишотӣ нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд ва тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД