sebiston july new
Интихоби ҷузвдон барои донишҷӯён
1964

То cap шудани соли таҳсил рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд ва ба он натанҳо мактаббачагон, балки донишҷӯён низ тайёрӣ мебинанд. Интихоби дурусти лавозимоти хониш барои донишҷӯён муҳим аст. Аксари донишҷӯён, махсусан донишҷӯёни курси аввал дар интихоби либос ва лавозимоти хониш душворӣ мекашанд, зеро либосу сумкаи мактабӣ аз донишҷӯӣ комилан фарқ дорад. Ба хотири кумак ба ҷавонон имрӯз мо дар бораи интихоби ҷузвдон барои донишҷӯён каме маълумот медиҳем.

Ҷузвдони донишҷӯ бояд бо сарулибосаш мувофиқат намояд. Либос ва ҷузвдони шумо якранг бошанд, хеле олӣ ба назар мерасад.

Ранги либос торик, вале аксентҳои дурахшон дошта бошад, ҷузвдон, яъне сумкаро метавонед бо ҳамон аксентҳо ё гулҳои он мувофиқ гиред.

Ранги либосатон равшан бошад, метавонед сумкаҳои ранги дигар доштаро низ бо он мувофиқ карда гиред, масалан бо либоси сафед, сумкаи рангаш ширӣ, гулобӣ ё кабуди осмонӣ мувофиқ меояд.

Ҷузвдони сиёҳ натанҳо бо либосҳои рангашон сиёҳ, балки бо либосҳои сабз, кабуди баланд ва қаҳваранг низ мувофиқ меафтад.

Вақте ки костюм ва сумкаи сурхи дурахшон доред, метавонед аз зери либосатон куртаи сиёҳ ё сафед пӯшед.

Мағозаҳои ашёи брендӣ имрӯзҳо ба мизоҷони худ интихоби васеи сумкаҳои андозаҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Аз мӯд қафо мондан нахоҳед, ба моделҳои андозаи миёна ва калон диққат диҳед.

Боз як чизи муҳимро дар ёд дошта бошед, ҳар қадар либос сабуктар бошад, сумка бояд ҳамон қадар хурдтар бошад.

Бо либоси ғафс сумкачаи хурдакак гирифтан ба назар зебо наменамояд. Баъдан, сумкачаҳои хурдакак барои донишҷӯён мувофиқ намеоянд. Ба донишҷӯён гирифтани ҷузвдонҳои калонро тавсия медиҳем, то ки дафтару китоб ва дигар лавозимоти шумо дар он ҷойгир шаванд. Моделҳои муосири классикии ҷузвдонҳо яке аз вариантҳои беҳтарин барои таҳсил мебошанд. Чунин модели ҷузвдон махсусан барои донишҷӯёне, ки алакай кор мекунанд ё ба кор шуруъ кардан мехоҳанд, мувофиқанд, зеро ба ҳама гуна либос ва гардероби корӣ комилан мувофиқат мекунанд. Ҷузвдонҳои рангашон сиёҳи занона барои зимистон ва тирамоҳ, рангҳои равшан барои тобистон ва баҳор пешбинӣ шудаанд.

Бо назардошти он, ки ба ғайр аз лавозимоти студентӣ чизҳои дигар ҳам доред, ҷузвдонеро интихоб кунед, ки вазни зиёд надошта бошад, то ки ҳангоми пур буданаш вазнин нашавад. Дар ҷузвдони донишҷӯ чанд китоб, дафтар, қалам, ручка бояд ҷой гирад, бар замми ин, аксари донишҷӯдухтарон маводи ороишӣ, атриёт ва дигар чизҳоро ба сумкаашон меандозанд. Аз ҳамин хотир ҳангоми интихоби ҷузвдон ҳамаи ин чизҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Ҷузвдонеро интихоб намоед, ки натанҳо китобу дафтар, балки ороишоту атратон низ дар он ҷо шавад.

Барои он ки ҷузвдон ба тамоми озмоишҳои ҳаёти донишҷӯӣ тоб орад, он бояд сифати баланд дошта бошад. Ҷузвдони хушсифат харед, то ки муддати тӯлонӣ ба шумо хизмат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД