goodwell
Интиқоми талх (ҚИСМИ 2)
121

Шаби қасос сард ва тира буд. Борони реза ба рӯйи замин меборид ва гӯё осмон ҳам ҳамроҳи Ромиз мегирист. Ромиз ва Арагай бо ду нафар аз одамони боэътимодашон дар наздикии ҳуҷраи он ду касофат пинҳон шуда буданд.

Ҳамин дам садои хандаи мастонаи онҳо шунида шуд. Онҳо аз бозор бармегаштанд ва боз ҳам дар даст шишаи шароб доштанд. Ромиз бо дидани симои манфури онҳо охирин паёми овозии Фарзонаро дар гӯшҳояш шунид, ки мегуфт: “Марди ягонаи ман, қасд ба қиёмат намонад”.

​Дасту пойи Ромиз аз ғазаб меларзид. Ӯ мисли паланги захмӣ худро ба камингоҳ омода кард. Ҳамин ки онҳо ба дари хона наздик шуданд, Арагай ва одамонаш аз ақиб ҳуҷум карда, бо як зарба ҳардуро ба замин афтонданд ва даҳону чашмонашонро баста, ба даруни мошин партофтанд.

​Онҳоро ба як таҳхонаи торику намноки канори шаҳр бурданд, ки садо ба берун намебаромад. Ромиз онҳоро ба курсиҳои оҳанӣ маҳкам баст. Ӯ чашмбанди яке аз онҳоро, ки сиёҳталъат ва калонҷусса буд, бо шиддат кашида гирифт.

Ҷавони гумроҳ аз тарс ба ларза омад ва вақте чеҳраи ваҳшатноки Ромизро дид, гиряолуд гуфт:

- Ромиз, акаҷон, ин чӣ кор аст, барои чӣ моро ин ҷо овардед, мо чӣ гуноҳ кардем?

​Ромиз бо як мушти сангин даҳони ҷавонро пур аз хун кард ва дандонҳояш рехтанд. Ӯ бо овози раъдсо ва пуралам дод зад:

- Садоятро бибур, ҳайвони одамнамо! “Янга, намак доред?” гӯён, ба хонаи ман даромада, номуси маро зери по кардед. Фарзонаи хушрӯйи ман, зани фариштаи ман аз шарму номуси шумо худро кушт. Ӯ ҳоло дар хоки сард хоб аст, шумо бошед, ин ҷо шароб хӯрда мегардед.

Ҷавони дуюмиро низ чашмонашро кушоданд. Ӯ вақте корди тезу дурахшонро дар дасти Ромиз дид, ба зону зада, худро ба замин партофт ва илтиҷо кард:

- Ромиз-ака, тавба кардем, моро накуш, мо маст будем, шайтон моро гумроҳ кард, ҳар чӣ пул хоҳӣ, медиҳем, фақат моро бубахш.

​Ромиз кордро ба гулӯи ӯ наздик бурд ва бо нафрати бепоён гуфт:

- Шайтон худи шумоед. Шумо вақте ки Фарзонаи маро зери мушту лагад гирифта, номусашро сӯзонидед, чаро ба хонаводаи ӯ раҳм накардед? Ӯ ду ҳафта дар беморхона фақат мурдан мехост. Медонед ӯ чӣ қадар азоб кашид? Пулҳои шумо ба ман даркор нест, ман ҳаёти занамро мехоҳам, ки шумо онро гирифтед.

​Арагай дар як кунҷи таҳхона истода, тамоми асбобҳои оҳаниро омода мекард. Ӯ ба Ромиз нигоҳ карда, гуфт:

- Ромиз, бародар, корро сар кунем, инҳо сазовори раҳм нестанд, қонуни мо ин аст, ки касе ба чунин ҷиноят даст занад, бояд аз мардӣ маҳрум шавад.

​Ромиз аввал бо чӯби ғафси оҳанӣ ба пойҳои онҳо зада, устухонҳояшонро майда кард. Садои доду фиғон ва нолаҳои канда-кандаи он ду номард таҳхонаро ба ларза овард. Онҳо хун қай мекарданд ва илтиҷои марг менамуданд.

- Моро бикуш, Ромиз, илтимос, моро ҳамин ҷо паррону халос кун, дигар тоқати ин азобро надорем,- дод мезад яке аз онҳо.

​Ромиз бо қаҳри сӯзон ба чашмони ӯ нигоҳ карда, гуфт:

- Не, марг барои шумо туҳфа аст. Шумо бояд зинда монед ва ҳар лаҳзаву ҳар соат бо ин дарду шармандагӣ бимиред.

​Ромиз остинҳояшро боло кард ва бо ёрии Арагай, бо дастони худ ҳардуи онҳоро ахта кард. Садои охирини онҳо ба як нолаи заиф мубаддал гашт ва ҳарду аз шиддати дарди тоқатфарсо беҳуш шуданд.

Ромиз нафаси амиқ кашид ва ба дастони хунолудаш нигоҳ кард. Ӯ дигар он Ромизи ҳалиму меҳрубон набуд, ӯ қасоси худро гирифта буд.

Ӯ аз таҳхона берун баромад. Борони сард рӯйи зардашро мешуст.

Ромиз ба осмон нигоҳ карда, ашкҳояш ба борон омехта шуданд. Ӯ ба дил гуфт: “Фарзона, ҷони ман, ором бихоб. Ман ваъдаамро иҷро кардам. Қасоси туро гирифтам. Акнун рӯҳи ту дар ҷаннат ором аст ва ин касофатҳо то охири умр мисли ҳайвони маҷруҳ хоҳанд зист”.

​Худи ҳамон шаб Ромиз бо чиптаи онлайн харидааш ба фурудгоҳ рафт, то барои ҳамешагӣ ин шаҳри пур аз хотираҳои талхро тарк кунад ва ба ватан, ба зиёрати қабри ҳамсари азизаш баргардад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД