arzon replenishment
Ишқи авбош (ҚИСМИ 1)
1916

Ман дар оилае ба дунё омадаам, ки тоҷик бошем ҳам, зиндагиямон ба оилаҳои анъанавии тоҷикӣ монанд набуд. Модару падарам тарбиятдидаи хонаи бачаҳо буданду бо ишқу муҳаббати бузург бо ҳам хонадор шуданд. Дар ин оилаи бо ишқ бунёдёфта аввал бародарам, баъд ман ба дунё омадем.

Падарам дар корхонаи бонуфузе устои барқ шуда кор мекарду модарам мураббияи боғчаи бачаҳо буд. Зиндагиямон серу пур ва хушҳолона сипарӣ мешуд, вале «ба даҳони сағира нон расад, бинияш хун мешавад» гуфтагӣ барин, рӯзе падарамро дар ҷойи кораш қувваи барқ зада кушту мо танҳо мондем. Он замон бародарам даҳсолаю ман ҳаштсола будам, ки марг падарҷонамонро аз мо бурд. Бечора модарам аз мо дида, ятимтар метофт дар назар, зеро падарам барои ӯ ҳама кас буд, падару модар, акаву хоҳар, хулоса пару болаш. Модари бечораам ба хотири мо миёни аз марги шавҳари дўстдор шикастаашро мардона баста, аз пайи зиндагӣ шуд…

Ҳам модару ҳам падар

Модарам як ҳафтаи дароз дар боғчаи бачаҳо кор мекард, шабона ба ҷойи истироҳат ҳар гуна қандинаҳо мепухту субҳ бародарам онро ба чанд мағоза бурда, тақсим менамуд. Рўзҳои шанбею якшанбе бошад, дар хонаи як сарватманд хидматгорӣ мекард, ман дар ин кораш ба модарам ёрӣ медодам. Хулоса, ману бародарам дар рўҳияи меҳнатдўстӣ ба воя расидем. Акаам ба Донишгоҳи тиббӣ ва ман ба коллеҷи тиббӣ дохил шудем. Дар даврони донишҷўии мо модарам тамоман ором надошт, ў шабу рўз кор мекард, то мо аз чизе танқисӣ надошта бошем. Бародарам донишгоҳро хатм намуда, дар як клиникаи шахсӣ ба кор даромаду модарамро намонд, ки дигар хидматгорӣ кунад ва оҳиста-оҳиста қандинапазиро низ бас кард. Акнун танҳо ба кори боғча рафта меомад. Модарам ба ману бародарам озодӣ дода буд. Дар пўшидани либосу ибрози андешаҳоямон ниҳоят озод будем. Ҳамин буд, ки бародарам бо духтари дўстдоштаи худаш хонадор шуд. Келинамон русдухтар бошад ҳам, миёни тоҷикҳо калон шуда, тамоми урфу одати мардуми моро риоя мекард. Сарфакору тозарўзгор буд, модарамро очаҷон гуфта, ба ман ҳам мисли хоҳар меҳрубон буд. Янгаам бо акаам ҳамкор буданд, онҳо мехостанд ман низ баъди хатми коллеҷ бо онҳо якҷоя кор кунам, аммо ман чун хоҳари шафқат дар шуъбаи бемориҳои дили як беморхонаи давлатӣ ба кор шуруъ кардам. Хостгорон доштам, аммо дар дил азм кардам, ки то дўст надорам, хонадор намешавам. Модарам насиҳатам мекард, ки эҳтиёт шаваму хато накунам.

Зиндагӣ идома дошт, корамро зиёд дўст медоштаму бо беморон низ муносибати хуб доштам. Сардухтурамон ҳамеша таъкид мекард, ки “ту духтари босаводу хуб ҳастӣ ва албатта таҳсилатро давом дода, соҳиби маълумоти олии тиббӣ шав”, ман низ ҳамин гуна мақсад доштам, вале…

Ишқи авбош

Як рўз дар беморхона кампираки нурониеро бистарӣ карданд, сўзандорую қатраҳояшро ман мегузаронидам. Кампирак бо ман унс гирифту оҳиста-оҳиста бо ман рози дил мегуфтагӣ шуд. Аз нақлҳои ў фаҳмидам, ки ду духтар ва як писар доштааст…

- Духтаронам соҳиби хонаву дари обод, фарзандону зиндагии шоиста ҳастанд, вале писари ягонаам хеле ҷавон дар садамаи автомобилӣ фавтид. Шавҳарам баъди ба ҳалокат расидани писарамон ба беморӣ печида, вафот карду тиҷораташ ба ман мерос монд. Келинам ба ҳоли ман раҳм карда, писари сесолаашро бо ман гузошту ба хонаи волидонаш рафт. Шавҳар карду соҳиби фарзандони зиёде шуд,- гуфт кампирак дар як суҳбат.

Ман фаҳмидам, ки набераи кампир Азиз бачаи эрка буда, кор карданро дўст намедорад, аз ҳисоби бибии бадавлаташ хўрда мегардад. Ана ҳамин Азиз чанд бор ба хабаргирии бибияш омада, бо ман дўст шуд.

Кампири Ноздонаро аз беморхона ҷавоб доданд ва ў маро ба хонааш ба меҳмонӣ хонд. Ҳавлии калони барҳаво, боғу роғ, дастархони пурнозу неъмате, ки духтарони кампир ороста буданд, маро ҳайрон кард. Азиз низ сари дастурхон бо мо буду шӯхӣ карда, моро механдонд. Пас аз ҳамин меҳмонӣ ману Азиз бо ҳам вомехўрдагӣ шудем. Кампири Ноздона ҳам аз ин вохўриҳо шод буду дар ҳар дидор (ман зуд-зуд дар хонаи онҳо меҳмон мешудам) аз ман хоҳиш мекард, ки дили Азизро ёфта, бо вай хонадор шавам.

- Шояд баъди зан гирифтан каме тағйир ёбаду дил ба кор бандад, охир дар мағозаҳои ман шахсони бегона кор мекунанд, ҳарчанд духтаронам онҳоро бо бор таъмин кунанд ҳам, боварӣ надорам бегона ба ман содиқ бошад,- бо оби чашм мегуфт кампир.

Ману Азиз акнун шабҳои дароз роз мегуфтему мақсади хонадор шудан ҳам доштем, вале…

(Давом дорад)

СУМАЯ

Таснифи Нисо ХОЛИД             

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД