Formula novemver 2024
Ишқи ҷавони тоҷик ва духтари қирғиз Қисми 1
07.03.2024
ОИЛА
1554

 Ҷавонзане аз мағоза ду халтаи пурборро бардошта сӯи истгоҳ мешитофт. Ман, ки дар ҷустуҷӯйи ҷои кор будам ва фурсати зиёд доштам, хостам ба зан кӯмак кунам. Зан ҳам зид набуд.

- Танҳо то истгоҳ, - гуфт ӯ.

Аз симои зан тахмин кардам, ки ӯ ё ӯзбек, ё қирғиз ва ё аз водии Фарғона аст. Халта дар ҳақиқат вазнин буд, онро гоҳ бо дасти чап мегирифтам, гоҳ ба рост. Ба истгоҳ расида халтаро дар замин гузоштам, ки садои шикастани шиша баромад ва дар як лаҳза аз он моеъи сурх ҷорӣ шуд.

- Ин чӣ кори кардаатон? - ҷавонзан даҳони халтаро во карда андарунаш нигарист, - шишаро шикастед, медонед ин чӣ қадар арзиш дорад?

- Ман намехостам, - гуфтам забон хоида, - кӯмак кардан хостам... Надонистам, ки халта шиша дорад.

- Ана, кор расво шуд, май ба дигар хӯрокаҳо ҳам олуд. Ба соҳибхона чӣ мегӯям?

Наметавонистам, ки зарари расонидаамро ҷуброн кунам, пул надоштам. Шишаи шикастаро аз дохили халта берун овардам. Гирду атроф ҳама гӯё ба ман менигарист. Аммо ҷавонзан ором буд. Шояд дар дил маро дашном медод.

- Чӣ кор кунам? – гуфтам.

- Чӣ кор мекардед? Ширеш мекунед.

- Шумо рақами телефонатонро...

- Ҳозир чӣ кор кунам? Ба соҳибхона чӣ мегӯям? Вай ҳар тангаашро мешуморад.

- Ман худам дар ҷустуҷӯйи кор ҳастам, рости гап, барои арзонтарин май маблағ надорам, - илтиҷоомез ба зан нигаристам.

- Кадом миллат ҳастед?

- Тоҷик.

- Дар ҳамин ҷо мунтазир шавед, - гуфт зан низ ба забони тоҷикӣ, - Ман ҳам тоҷик, аз Ҷалолободи Қирғизистон ҳастам. Як шишаи дигар мехарам, лекин аз ҳисоби шумо.

- Ман пул надорам.

- Баъд маслиҳат мекунем.

Зан сӯи мағоза шитофт. Ман дар сари ду халта мондам, ба гирду атроф назар андохтам: ҳама машғули кори худ, касе ба ман эътибор намедиҳад, аз ноӯҳдабароиям касе огоҳ нест. Чанд автобус омаду мусофирони ҷамъшударо бурд, ҷои мусофиронро дар ин шаҳри бузург дигар мусофирон мегирифтанд. Пиру ҷавон, писару духтар дар ғавғо.

Ниҳоят зан ҳам баргашт, бо як халтаи дигари пурбор.

- Маҳсулотҳои ба май олударо худам истеъмол мекунам, - гуфт ӯ, - шишаи шикастаро оҳиста дар ягон кунҷ ҳавола кунед.

Мунтазири боз фармони навбатӣ будам, алҳол барои рӯпӯш кардани гуноҳам ба ҳама кор омода будам.

- Шумо гуфтед кор меҷӯед?

- Бале.

- Кай омадед?

- Ба куҷо?

- Ба Русия.

- Се сол мешавад.

- Се сол инҷониб кор меҷӯед?

- Не, кор доштам, маошаш хуб буд. Муфлис шуд коргоҳ, се моҳи охир бе маош заҳмат кашидам. Ҳоло ҳам дар қайди коргоҳ ҳастам.

- Чӣ вазифа доштед?

Чанд автобус омаду рафт, аммо зан нияти саворшавиро надошт.

- Шумо кадом самт рафтанӣ? - пурсидам аз зан...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД