Arzon march 2024
Ишқи беҷавоб Қисми 1
2127

                Ишқи беҷавоб

Занги телефону садои фораму шинос ва ҷумлаҳои «Салом! Субҳу имрӯзат ба хайр, бобарору пурнишот бод азизи дилам» дар як лаҳза оламро бароям дигаргун сохт. Нафас дар гулӯям печид, забонам лол гашт, вуҷудам такон хӯрду ларзише фаро гирифт. Чӣ посух доданамро надониста, аз ҳаяҷон хомӯшона ҳам механдидаму ҳам мегиристам.

-Ҷони ширин, ин туӣ?

-Бале,-бо азобе посух додам.

-Пас, чаро хомӯшӣ?

-Намедонам чӣ бигӯям. Занг ва чунин суханонат бароям ногаҳонӣ буд.

-Фариштаи ман, минбаъд ин гуна ҳарфҳои муҳаббатолудаамро бештар хоҳӣ шунид. Инак, пас аз солҳои тӯлонӣ ва сабру тамкин Худои меҳрубон имкон дод, то он чӣ дар дилам маҳфуз буд, бароят гуфта тавонам.

-Чаро ин ҳарфҳоро солҳои пеш нагуфтӣ?

-Илоҷ надоштам, он вақт ман зану фарзанд доштам. Маро солҳои донишҷӯӣ оиладор карда буданд. Бори аввал туро дида, ошиқат шуда, дӯстат доштам, вале чорае набуд. Тамоми умр ёду хаёлат дар дилам макон гирифту аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ, барору нобарориҳоят огаҳ будам ва ҳастам.

Ӯ мегуфту ман хомӯшона гӯш мекардам. Ӯ аз масофаи хеле дур мегуфту ман ин ҷо аз шарму хиҷолат сурху сафед шуда меларзидам.

-Бахту иқболи баландам, интизор бош, агар зиндагӣ амон диҳад, рӯзҳои наздик наздат меоям. То дида ба дидор расидан, дар паноҳи Яздони пок бошӣ.

Пас аз худоҳофизӣ ӯ телефонашро хомӯш карду мани лол ҳанӯз ҳам ба мисли сеҳршудагон телефонро дар гӯш медоштам. Ин гуфтугӯи кӯтоҳмуддат ҳаёти панҷоҳ сол пешинаамро варақгардону пеши назарам чун навори кино даргузар кард…

Ба гузаштаи панҷоҳсолаам назар афканда, дарк намудам, ки он беақлиҳою шӯру шарари ҷавониҳоям умре маро дунболагир буду нагзошт то зиндагии ширине дошта бошам. Вале на он солҳои сипарӣ гаштаву на имрӯз чорае   надоштаму надорам то он иштибоҳро ислоҳ созам. Зеро на он солҳову на ин солҳо на дил ба ақл итоат карду на ақл бо дили саркашам ҳамроз гашт. Ҳамааш аз он лаҳзаю рӯзе сар зад, ки ӯро бори аввал дидам. Ин як бор дидан ба ҳаёти минбаъдаам мӯҳр заду инак, панҷоҳ сол аст, ки маро сарсону саргардон, бе бахту ба вартаи ғаму дард фиканду то ҳол азобам медод.

Соли 1972 дар синфи охирони мактаб мехондаму субҳи он рӯз дар қатори чанд ҳамсинфон ба мактаб мерафтам. Роҳи хонаю мактабамон аз назди идораи корхонае убур мешуд. Дар саҳни назди идора байни чандин нафар ҷавони ношиносеро дидам. Э кош намедидаму умре намесӯхтам. Бархӯрди чашмони ману ӯ байни он қадар шиносҳо ончунон ҳайрону саргарангам сохт, ки дигар то ба мактаб расидан на ягон ҳарфи дугонаҳоям ба гӯшам даромаду на ба суолашон посухе дода тавонистам. Ҳиссиёту ҳаяҷони ҷонсӯз орому қарор аз ман рабуда, тамоми рӯз ҷуз қади болою симои зебо ва нигоҳи дилситонаш аз пеши назарам дур намешуд. Акнун ҳар субҳ бо умеди дидани дидори ӯ аз хоб чашм мекушодаму аз он кӯча гузар намуда, рӯзро поин оварда, шаб ба болин сар мениҳодам. Аз ин ҳолати ногувору лаззатбахш сахт ҳарос доштам, то касе дарак наёбад. Бо ин ҳама шӯру шавқ ҷуръате надоштам, аз касе бипурсам, ки ӯ кист, аз куҷову чикора асту чӣ ном дорад. Минбаъд оғози ҳама кору пайкору хонданам бо ёди ӯ ибтидо мегирифт. Он вақт намедонистам, ки ин ҳама дилбастагиҳо чӣ ном дораду чӣ гуна тавсиф мешавад. Рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо ва солҳо низ ба ёди ӯ сипарӣ гаштанд. Ҳамсинфу ҳамсояву дугонаҳоям пасу пеш шавҳар карда, соҳиби хонаву фарзандон гаштанд. Ба чандин хостгорони шиносу ношиносу хешовандон ҷавоби рад дода, волидонамро дар ҳайрат гузошта, худ намедонистам, ки киро интизорам. Бо гиряҳои пураламу ашкони шӯру талх иқрор шуда наметавонистам, ки нафареро нашинохтаю ҳамсӯҳбат нашуда, дӯст дошта бошаму дар ин ҳол ӯро гунаҳкор созам.

 

Оре, ӯ гунаҳе надорад, чунки дар байни аҳолии шаҳрак шояд маро дигар надидаву аз ҳастии чунин духтари ошиқи беақл дараке дошта бошад. Шабҳо ба ёдаш худ ба худ мегуфтам: “Нигаронат набудам, эй азизам, ба қалбам нохонда роҳ ёфтиву ба зиндагиам мӯҳри ҷовидона задӣ. Аз ин пас шабу рӯз дилам меноладу аз он нидои ҳазин «Охир куҷоӣ?» берун мешавад. Қалбам такрор ба такрор мегӯяд: Туро хоҳам, танҳо туро хоҳам. Зулмати шабро бо интизорӣ саҳар карда, бомдод дилам саршори лаззати субҳ фарёд мезанад: Туро хоҳам, танҳо туро хоҳам. Дар ноумедиҳо қалбам ситезида, тӯфон карда, бонг мезанад: Туро хоҳам, танҳо туро хоҳам. Дурахши шабнам рӯи ғунчаи гул, парвозу хиромидану хониши булбул, боди сабо, ки ин ҳама ба ман руҳу ҳаловат мебахшид, мегӯям эй азизам, ин ҳама аз ишқи туст”.

Мегӯянд, ба ҳар гапи хубу бад фариштаҳо «Омин» мегӯянд. Боре як дугонаам пурсид, ки чаро бо вуҷуди хостгорони зиёд доштан то ҳол шавҳар намекунам. Гуфтам: -Дӯстдошта дорам!

Гуфт:-Куҷост ӯ ва чаро то ҳол ба суроғат намеояд?

Гуфтам:-Шоҳзодаи хаёлӣ. Ӯ на омада метавонаду на маро бурда!

Гуфт:-Пас, чӣ маънӣ дорад ин дӯстдорӣ, умрат беҳуда сипарӣ шуда истодааст?

Гуфтам:-Оғӯшу бӯсаҳои лаҳзаинаи хаёлӣ бароям кофист.

Магар ба ин гапҳои ман фариштаҳо «Омин» гуфтанд, ки дар тӯли 50 соли умри минбаъда ману ӯ ҳамагӣ се бор тасодуфан бо ҳам рӯ ба рӯ омадему ғайричашмдошт маро ба оғӯш гирифта, аз сару рӯю лабонам бӯсида буд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД