sebiston july new
Ишқи нобаробари Озода ва Аминҷон Қисми 1
04.05.2022
ОИЛА
2598

 

Ман як марди ҷиддие ҳастам, ки ҳамеша ҳафтаворҳои сиёсиро мехонам. Чун ҳамсарам ба ҳафтавори «Оила» меҳр дорад, ҳар ҳафта онро мехарам, оҳиста-оҳиста ба қиссаҳои аҷиби он таваҷҷуҳ зоҳир кардам.

Шояд ин аз он сарчашма мегирад, ки ман ба адабиёт шавқ дорам. Бобоям китобхонаи бузурге доштанд, он кас омӯзгори фанни таърих бошанд ҳам, ба адабиёт ишқи беандоза доштанд. Аҳли хонаводаи мо ҳама китобхонем, ростӣ ман асарҳои бадеӣ, шеъру достону таронаҳои адибони классику муосирро хондаам. Аммо ба ишқу ошиқиву ба ҳадди девонагӣ дӯст доштан бовар надоштам, то дирӯз, аммо….

Қиссаи ба доми ишқи як нозанини сангдил афтиданамро навиштаму як моҳ боз андеша мекардам, ки ба «Оила» фиристам ё не? Ва инак, онро ба суроѓаи ҳафтавори шумо фиристодам, бисёр мехоҳам хонандагони закӣ ба ман маслиҳат диҳанд. На гиристанамро медонаму на хандиданамро, охир ман дар як корхонаи бонуфуз болои панҷоҳ нафар роҳбарам, сад мушкилро ҳал мекунам, аммо….

                 Ишқ аз як нигоҳ

   Чандест гурдаҳоям иллат пайдо кардаанд, корам бисёр, ки ҳаст, бо хӯрдани ҳар гуна доруҳои тавсия мекардаи табибони шинос қаноат мекардам. Вале бародарам «бо гурда шӯхӣ накун» гӯён, ба ҷону ҳолам намонда, маро назди табиби шиносаш бурд, ӯ пешакӣ бо духтур гап зада буд. Мо ба назди табиб рафтем, он ҷо чанд нафар навбат мепоиданд. Бародарам пеш аз ворид шудан ба бинои беморхона ба духтур занг зада буд ва ӯ ба пешвози мо баромад. Мо вориди утоқ шуданӣ будем, ки як бонуи қоматбаланди зебо бо ҷиддият гуфт:

-Ин хел намешавад духтур-ака, ман аз субҳи барвақт корамро партофта навбат мепояму ду ҷавонмарди ҳузарб омада, дар навбати ман медароянд?!

Духтур ба ӯ нигариста посух дод: ”апаҷон, ин кас додарам, ҳозир мебинаму навбати шумо, узр…”

-Ин беадабӣ ҷойи узр надорад,- гуфт зан абрӯвони зебояшро баланд кашида, ростӣ ман шарм доштам ва гуфтам: “аввал ҳамин бонуро бинед, баъд навбати ман”. Духтур моро даруни утоқ даровард, ман гуфтам духтур пеши ҳамон зан айб шуд, аввал вай дарояд, се-чор нафари дигар марданд, ҳеҷ чиз намегуфтагистанд….

Хоҳари шафқат бонуи даъвогари зеборо даъват кард, вай бо абрӯвони сар ба сар назди духтур нишаст. Табиб аз вай пурсид, ки чӣ шикоят доред? “Ман назди ҳамин мардҳои бегона чӣ шикоят доштанамро бигӯям?! Аслан даркор не, ман пеши табиби дигар меравам” гуфта, аз ҷояш ба шаст хест, намедонам кадом қуввае маро аз ҷоям хезонд ва ман бо оромӣ гуфтам: “хонум, мо мебароем, саргардон нашавед…”

Ӯ ба ман нигарист ва чашмонамон ба ҳам бархӯрд ва дили ман дар сина беқарор шуд. Ману бародарам берун баромадем, бародарам зери лаб гуфт: хушрӯйи шаттоҳ! Духтур як понздаҳ дақиқа бо ӯ сӯҳбат карду бону хиромон баромада рафт…

          Ишқ омаду…

Дигар духтур чӣ мегуфту чӣ намегуфт, ба гӯшам намедаромад, дилам, ҳушу хаёлам аз пайи он қоматбаланди нозанин рафта буданд. Пас аз муоинаи духтур бародарам гуфт, ки як нафар хешамон дар бинои дигар бистарист, бояд хабар гирем, аммо ман маҷлис дорам гӯён, бо духтуру бародарам хайру маъзур карда баромадам. Ба мошин нишастаму чашмонам атрофро назора мекарданд ва ӯро дидам, дар зери чинори лаби роҳи калон бо телефон гап мезад. Мошинро наздаш доштам, чун телефонашро ба сумкааш андохт, аз мошин фаромадаму ӯро ба нишастан даъват кардам. Дар лабони лоларанги зебояш мавҷи табассум давиду гуфт:

-Раҳмат, ман таксӣ фармоиш додам, ҳозир меояд, камтар асабонӣ ҳастам, хафа нашавед. Фармоишатонро бекор кунед, ман мебарам шуморо,- гуфта ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро ба мошин шинондам…

Озода устоди донишгоҳ будааст, як зани хушсухану шӯху доно, ӯ ба ман “додарҷон” гӯён муроҷиат мекард. Мо бо ҳам шинос шудем, телефонҳои якдигариро гирифтем. Як ҳафтаи дароз интизор шудам, ки занг мезанад, аммо занг назад. Ҳарчанд намехостам, шабу рӯз дар бораи ӯ фикр мекардам. Ҳамсарам аз таѓйири ҳоли ман дар ташвиш афтода, дам ба дам мепурсид, ки “чаро ѓамгинӣ, дар корат тинҷӣ аст, духтур чӣ гуфт?!” Аз пеши назари ман хандаҳои зебо, радаи сафеди дандонҳои ҷиллодор, қомати баланду пеши бари дилкаши Озода дур намешуд. Оқибат як бегоҳ занг задам, ӯ маро нашинохт, “телефонамро ҳифз накардааст” аз дил гузаронидам ман ва авҳолпурсӣ кардам. Ӯро ба тарабхона даъват кардам, не гуфт, вале пас аз исрорҳои ман розӣ шуд то вохӯрем…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД