Тобистон мавсими истироҳат аст, вале ҳангоми фароғату дамгирӣ дар истироҳатгоҳҳо, хосса истироҳатгоҳҳои хориҷӣ аз бемориҳои ҷинсӣ бояд эҳтиёт шуд.
Дар фасли тобистон аксари одамон, махсусан мардон бо сабаби ишқварзии бетартибона дар чунин маконҳо ба ВИЧ-СПИД, сифилис, вируси папиломаи одам ва дигар бемориҳои сироятии ҷинсӣ гирифтор мегарданд, ки табобаташон душвор ва дар баъзе ҳолатҳо номумкин мебошад.
Барои эмин мондан аз чунин бемориҳо аз алоқаи ҷинсӣ бо одамони ношинос худорӣ намоед ё ҳадди ақал баъди бозгашт аз истироҳатгоҳ аз ташхиси тиббӣ гузаред.
Бояд гуфт, ки баъзе бемориҳои ҷинсӣ пас аз 3-6 моҳ аз худ дарак медиҳанд, бинобар ин, пас аз ним сол дубора аз ташхис гузаштан лозим аст, то аз вазъи саломатии худ дилпур гардед.