goodwell
Ҷисми беҷони Хизири 8-соларо, ки барои наҷоти дӯсташ ҷонашро фидо кард, пайдо намуданд
237

Ҷисми беҷони писарбачаи 8-сола Хизир Дербичевро, ки ба хотири наҷот додани дӯсташ ҷони худро фидо кард, пас аз 8 рӯзи ғарқшавии ин кӯдаки ҷасур 10 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд.

Фоҷиаи мазкур рӯзи 15-уми июн дар Ингушетия рӯй дода, Хизири 8-сола ба хотири наҷот додани як дӯсташ, ки ба дарё афтода, дар ҳоли ғарқшавӣ қарор дошт, худашро ба об партофтааст. Тавре шоҳидон зимни суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, вақте ин ҳодиса рӯй медиҳад, дигарон Хизирро ҳушдор додаанд, ки ҷони худро ба хатар наандозад ва омадани ягон марди калонсолро интизор шаванд, вале писарак “магар мо мард нестем” гӯён, худашро ба дарё партофтааст, то ки дӯсташро наҷот диҳад. Дар ниҳояти кор дӯсташ наҷот меёбад, вале ҷараёни тези об худи Хизирро ба комаш кашида, писараки ҷасур ғарқ шудааст.

Ҷасади Хизирро дирӯз, 22-юми июн, 8 рӯз пас аз сар задани ин ҳодисаи нохуш тақрибан 10 км поёнтар аз ҷойи фоҷиа аз дарёи Сунжа пайдо кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД