toyota motors
Қиссаи 5 издивоҷ, анҷоми сарояндагӣ ва орзуи Сиёвуш Қумайшӣ
04.05.2026
СИПЕҲР
50

Сиёвуш Қумайшӣ аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки тавонистааст бо эҷодиёти худ як ҷаҳонбинии хосро дар мусиқии эронӣ ба вуҷуд оварад. Ӯ на танҳо як сароянда, балки як мактаби мусиқист, мактабе, ки дар он эҳсос, таҷриба ва садоқат ба ҳунар ҷойгоҳи вежа доранд.

Ошиқи мусиқӣ

Сиёвуш Қумайшӣ соли 1324-и ҳиҷрии қамарӣ (баробар ба 1945-и мелодӣ) дар шаҳри Аҳвоз ба дунё омадааст. 8-моҳа буд, ки хонаводаи онҳо ба Теҳрон кӯчиданд ва онҳо то 14-солагӣ дар маҳаллаи Юсуфободи пойтах зиндагӣ карданд.

Ӯ хурдтарин фарзанди хонавода буд ва дар муҳите ба воя расид, ки мусиқӣ ҷойгоҳи вежа дошт. Модараш пианино менавохт ва бародаронаш низ ба мусиқӣ дилбанд буданд. Ин фазои ҳунарӣ ба шуури кӯдаконаи Сиёвуш таъсири амиқ гузошт.

Ҳанӯз дар кӯдакӣ ӯ ба садои асбобҳои мусиқӣ мафтун мешуд. “Ҳатто вақте пойҳоям ба педалҳои пианино намерасиданд, кӯшиш мекардам, чизе бинавозам. Ин шавқу завқи бармаҳал, ки аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирифт, баъдтар ба як роҳи касбӣ табдил ёфт”,- гуфтааст ӯ дар яке аз суҳбатҳояш.

Қумайшӣ мегӯяд, рӯйдоди муҳими айёми наврасии ӯ дидани гиторе дар витринаи як мағоза буд. Ҳамин асбоб орзуи ӯро бедор кард ва пас аз муддате падараш барои ӯ гитор харид. Ин гитор оғози роҳи ҷиддии ӯ ба сӯи мусиқӣ гардид.

Дар оғӯши Лондон

Дар синни 14-солагӣ, Сиёвуш ба Лондон рафт, ки он замон яке аз марказҳои асосии мусиқии ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Он солҳо гурӯҳҳои машҳуре чун The Beatles ва Pink Floyd фаъолият доштанд ва ҳама ҷавонони эҷодкор ба равияи ин гуруҳҳо пайравӣ мекарданд. Сиёвуш низ истисно набуд. Ин муҳит ба ҷаҳонбинии мусиқии ӯ таъсири калон расонд. Дар ҳамин шаҳр ӯ таҳсилро идома дода, баъдтар дар соҳаи мусиқӣ то дараҷаи магистр расид. Лондон барои ӯ мактаби бузурги таҷриба низ гардид

Сиёвуш бо хонандагӣ ва навозандагӣ дар гурӯҳҳои мухталиф харҷи зиндагӣ ва таҳсили худро пайдо мекард. Ҳамчунин, муваффақ шуд мадраки коршиносии аршади мусиқӣ дар риштаи оҳангсозӣ аз Донишгоҳи шоҳии ҳунар (Royal Society of Arts) бигирад.

Сиёвуш барои таъмини хароҷоти худ шабона дар клубҳо месуруд ва гитор менавохт. Ин таҷрибаҳо на танҳо малакаи ӯро такмил доданд, балки ӯро бо саҳна ва шунавандагон ошно сохтанд.

Бозгашт ба Эрон

Сиёвуш дар соли 1971, яъне 12 сол баъд аз ғарибӣ ва дар синни бисту панҷсолагӣ тасмим гирифт ба Теҳрон баргардад. Он солҳо ӯ сарояндае буд, ки машҳур набуд, вале оҳанги ӯ «Эй қайиқрон ба куҷо меравӣ»-ро бисёриҳо медонистанд.

Дар Эрон ӯ гурӯҳе ба номи “Ситораҳо” (Stars) ташкил дод ва дар он гурӯҳ ба бозхонии оҳангҳои хориҷӣ пардохт. Баъдтар дар канори Шаҳром Шабпара, Комбиз Муинӣ ва Ҳумоюн Ҷалолӣ, дар гурӯҳе ба номи “Rebels” ба ҳамкорӣ пардохт. Масъулияти Сиёвуши Қумайшӣ дар ин гурӯҳ хондани оҳангҳои суст (slow) буд ва Шаҳром Шабпара оҳангҳои тезро иҷро менамуд.

Сиёвуш то синни 34-солагӣ дар Эрон буд, то ин ки инқилоб сурат гирифт ва ӯ низ шароитро барои мондан муҳайё надид, ба ҳамин иллат дар соли 1978 ба Амрико рафт ва дар шаҳри Лос-Анҷелес муқимӣ гардид.

Навгаро

Сиёвуш Қумайшӣ яке аз он ҳунармандонест, ки тавонист мусиқии попи эрониро ба сатҳи нав бардорад. Ӯ аввалин ҳунармандест, ки чаҳор унсури асосии як тарона - шеър, оҳанг, танзим ва иҷроро худаш анҷом дод.

Ҳамчунин, ӯро асосгузори мусиқии транс дар Эрон мешуморанд. Гарчанде ин иддао баҳсбарангез аст, аммо таъсири ӯ дар ворид кардани унсурҳои мусиқии ғарбӣ ба попи эронӣ раднопазир мебошад.

Сурудҳои ҷовидонӣ

Ҷолиб аст бидонед, ки аввалин албоми Сиёвуш «Арусаки шаб» аст, албоме, ки ба навъе фаромӯшшуда аст. Дувумин албоме, ки Сиёвуш ба бозор баровард, албоми зебои «Фарангис» буд, ки ӯро шуҳратманд кард.

Сиёвуши Қумайшӣ аз синни 49-солагӣ расман хонандагиро оғоз намуд ва албоми «Ҳикоят»-ро мунташир кард, ки мавриди таваҷҷуҳи бисёр зиёде қарор гирифт. Таваҷҷуҳи мардум боис шуд, ки ӯ ҳирфаи хонандагиро идома диҳад ва илова бар албоми «Фарангис» 13 албоми дигар низ равонаи бозори мусиқӣ намояд. Аз ҷумла: «Хоб-борон», «Ҳикоят», «Так», «Қиссаи гул», «Шаҳри хуршед», «Қиссаи амир», «Ҳавои хона», «Қоби шишагӣ», «Шукуфаҳои кӯирӣ», «Ҳодиса», «Ниқоб», «Бе сарзаминтар аз бод», «Рӯзҳои бехотира» ва ғайра.

Сиёвуши Қумайшӣ, тавре гуфтем, аз кӯдакӣ ба мусиқӣ машғул буд. Оҳанг менавишт, навозандагӣ мекард, гоҳе месароид, вале хонандагиро ҳамчун ҳирфа бисёр дер оғоз кард ва дар яке аз мусоҳибаҳои худ дар ин маврид гуфт, ки чандон аз шуғли хонандагӣ, ё лоақал дар ҳадди микрофон ба даст гирифтан ва зинда иҷро кардан хушаш намеояд, вале ба хотири тарафдороне, ки мунтазири шунидани садои ӯ ҳастанд, ба баргузории консерт мепардозад.

Дар тӯли фаъолияти худ, Сиёвуш Қумайшӣ зиёда аз 18 албом ва даҳҳо таронаҳои машҳур эҷод кардааст.

Ҳамқадами ҷаҳон

Эҷодиёти Сиёвуш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мунаққидон қарор дошт. Бархе ӯро навовар ва пешрав мешуморанд, дар ҳоле ки дигарон услуби ӯро якнавохт ва пур аз ғам арзёбӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ин, аксари мунаққидон ба сифати баланди мусиқии ӯ ва садоқати ӯ ба санъат эътироф доранд.

Ҳамкорӣ бо танзимкунандагони огоҳ ва хушзавқ «ки баъзан бо вуҷуди он ки эронӣ нестанд, тавонистаанд бо мусиқии эронӣ иртибот барқарор кунанд» ва нуктасанҷии шахси Сиёвуши Қумайшӣ дар истифодаи огоҳона ва ҳушманд аз садосозиҳои электроник ва саунд-эффектҳои аҷибу баҷо дар сурудҳояш, эҷодиёти ӯро рангину дилнишин кардааст.

Аз лиҳози шеърӣ, таронаҳое, ки Сиёвуши Қумайшӣ барои кор интихоб мекунад, чанд вижагии асосӣ доранд, ки муҳимтарини онҳо содагӣ ва равонии калом ва дурӣ аз печидагиҳои муаммогун аст.

Сиёвуш мусиқиро ҳамчун як воситаи баёни эҳсос ва андеша мебинад. Ӯ бар ин бовар аст, ки мусиқӣ бояд содда ва самимӣ бошад.

Ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо мусиқии ҷаҳонӣ ҳамқадам бошад ва унсурҳои беҳтарини онро ба осораш ворид намояд.

Издивоҷҳои пинҳону ошкор

Сиёвуши Қумайшӣ ҳамеша мекӯшад аз ҳаёти шахсӣ ва рӯзгори хонаводагии хеш суҳбат накунад. Вале расонаҳо ва рӯзноманигорон пайваста кӯшиш мекунанд, ки аз зиндагии ошкору пинҳони ӯ чизҳое ба нашр бирасонанд.

Ӯ бори нахуст дар бисту нӯҳсолагӣ бо Лайло Висол издивоҷ карда ва ҳосили ин издивоҷ танҳо як фарзанд ба номи Алиризо аст, ки беш аз 35 сол син дорад. Алиризои Қумайшӣ дар Шероз зиндагӣ мекунад ва ба мусиқӣ машғул аст, гарчанде зиёд маъруф нест.

Сиёвуши Қумайшӣ пас аз талоқ дар издивоҷи аввал панҷ бори дигар хонадор шудааст. Охирин ҳамсари ӯ Нозанин ном дошт, сию панҷ сол кӯчактар аз худи ӯ буд, вале феълан зоҳиран бо сароянда зиндагӣ намекунад. Чунки чанд сол қабл Сиёвуши Қумайшӣ тасмими гирифт, ки аз Лос-Анҷелес ба Олмон кӯчад ва рустое ороме иқомат кунад. Ӯ иллати тағйири макони зинадгиашро дурӣ аз муҳити “олуда ва ноором”-и Лос-Анҷелес ва расидан ба оромиши бештар унвон кард. Вале охирин ҳамсараш ҳамроҳи ӯ ба Аврупо наомадааст...

Сиёвуши Қумайшӣ чандон иртиботи наздике бо хонаводаи худ надорад. Тибқи иттилои мавҷуд ӯ ду бародар ба номҳои Сирус ва Сиёмак ва як хоҳар ба номи Симин дорад. Дар ҳоли ҳозир яке аз бародаронаш дар Монреал, дигаре дар Теҳрон ва хоҳараш дар Лос-Анҷелес зиндагӣ мекунанд.

Аз пайвандони ӯ се нафар ба ҳунар рӯй овардаанд. Яке бародарзодааш Жаён Қумайшӣ аст. Ӯ дар Канада ҳунарнамоӣ мекунад, вале боре ҳам Сиёвуш мулоқот накардааст. Ӯ дар суҳбаташ гуфтааст, ки Сиёвуш падари ӯ, яъне бародарашро низ бисёр кам дидааст. Нафари дуюм, писараш Алиризо аст, ки тавре гуфтем, шуҳрат надорад. Нафари сеюм Барзу Қумайшӣ аст, ки ҳам бародарзодааш аст, гитара менавозад, рок-н-рол мехонад. Сиёвуши Қумайшӣ фақат бо ӯ иртибот дорад...

Чандин сол пеш овоза шуда буд, ки Сиёвуши Қумайшӣ барои бозгашт ба Эрон ба раҳбарияти Ҷумҳурии Исломӣ номае навиштааст, аммо дере нагузашта дар суҳбаташ ин шоеъотро рад кард. Ӯ шарти худро барои бозгашт ба Эрон “озодии амал” ва ҳамчунин “озодӣ барои баргузории консертҳо” унвон намуд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ки аз тарафи ширкате пешниҳодоте барои консерт дар ҷазираи Киш гирифтааст, аммо онро рад намудааст.

Пас аз 5 сол...

Сиёвуши Қумайшӣ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки агар оҳангсоз набуд, шоир ё наққош мешуд. Айни замон сароянда, рӯзе чанд соат мусиқӣ гӯш медиҳад, тамрин мекунад, пианино менавозад ва китоб мехонад. Алоқаи зиёде ба чойи баъд аз зӯҳр, нигаҳдорӣ ва парвариши гиёҳон ва ҳамчунин гурбаи сиёҳаш бо номи «Мосул» дорад.

Соли гузашта Сиёвуши Қумайши 80-сола шуд. Дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфт, ки то панҷ соли оянда ба сарояндагӣ идома хоҳад дод ва чун оҳангсоз аст, боқии умри худро ба навиштани мусиқӣ хоҳад гузаронид. Сиёвуши Қумайшӣ мегӯяд, дӯст дорад, ки ӯро бештар ба унвони оҳангсоз бишносанд, то хонанда. Ҳар гоҳ шеъри ҷадиде ба ӯ мерасад ва оҳанги зебое рӯи он қарор медиҳад, бештарин лаззатро мебарад.

Қумайшӣ гуфтааст, ки орзуи ӯ бозгашт ва Ватан ва баргузории консерт дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои бузурги Эрон аст.

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД