Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, гӯшти чорвои калону майда дар ҷумҳурӣ соли 2025 ба 454,3 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 3,0 баробар зиёд шудааст.
- Гушти паранда бошад, ба 51 ҳазор тонна расида, 3,5 маротиба афзоиш ёфтааст,- афзуд манбаъ.
Тибқи як таҳлили омории Маркази стратегии Тоҷикистон, нархи миёнаи гӯшти гов дар охири соли 2005-ум 7,60 сомонӣ барои як килограмм будааст. То соли 2007 он ба 12,44 сомонӣ ва соли 2008 ба 15,67 сомонӣ расидааст.
Тайи ду соли ахир нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон боло рафтааст. Ҳоло дар бозорҳои шаҳри Душанбе арзиши 1 кг гӯшти гов аз 75 сомонӣ болост.
Тоҷикитон барои таъмини бозори худ асосан аз кишварҳои Қазоқистон, Беларус, Русия ва дигар кишварҳои ҳамсоя гӯшт ворид мекунад.