“Истиқлол” бори чордаҳум қаҳрамони Тоҷикистон шуд
09.12.2025
Oila.tj
74

Бозии мавқуфмондаи даври 19-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Вахш”-и Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар доир шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Сайёдҷон Зайниддинов ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Сиёваш Ҳақназарӣ дар дақиқаи 25-уми бозӣ ҳисобро ба фоидаи “Истиқлол” кушод. Дмитро Билоног дар дақиқаи 35-уми бозӣ аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Бенжамин Ампоса аз ҳайати “Вахш” беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд.

Бо ин ғалаба “Истиқлол” бо касби 49 имтиёз қаҳрамони мавсими имсолаи Лигаи олӣ гардид. Ҳоло “Истиқлол” боз бо “Истаравшан” рӯзи 12-уми декабр бозии мавқуфмондаро анҷом медиҳад.

Бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе таҳти роҳбарии Игор Черевченко медалҳои тилои Лигаи олиро ба даст оварда, бори чордаҳум дар таърихи худ қаҳрамони Тоҷикистон шуд.

Бошгоҳи пойтахт қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 унвони қаҳрамони кишварро ба даст овардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД