Бозии мавқуфмондаи даври 18-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. Амирҷон Хоркашев ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.
Голҳои “Истиқлол”-ро Шон Поул Камолафе дар дақиқаҳои 4-ум, 6-ум, Рустам Соиров дар дақиқаҳои 19-ум, 50-юм аз пеналтӣ ва Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 27-ум аз пеналтӣ ба самар расониданд.
Ягона голи “Ҳулбук”-ро Шавқати Ҳотам дар дақиқаи 45+2-юм ба дарвозаи “Истиқлол” зад.
Бо ин ғалаба “Истиқлол” бо касби 46 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа баромад. Ҳоло “Истиқлол” боз 2 бозии мавқуфмонда дорад, ки бо “Вахш” (8-уми декабр) ва “Истаравшан” (12-уми декабр) анҷом медиҳад.
“Ҳулбук” бо 13 имтиёз дар зинаи 11-ум мавқеъ гирифтааст ва бо “Сардор”-и шаҳри Турсунзода бозиҳои гузаришӣ барои мавсими ояндаи Лигаи олиро анҷом медиҳад.
Беҳтарин нишонзани мусобиқа Шон Поул Камолафе бо 11 гол мебошад. Рустам Соиров бо 10 гол дар зинаи дуюм ва Квадво Фримпонг аз ҳайати “Регар-ТадАЗ” бо 8 гол сегонаи беҳтаринҳоро пур мекунад.