Arzon march 2024
"Истиқлол"-у "Ал-Дуҳайл" мусовӣ карданд
837

Аввалин бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар дар Душанбе бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Ин бозӣ шаби гузашта дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар нимаи аввали бозӣ тӯбро бештар бозигарони «Ал-Дуҳайл» идора мекард, аммо фурсати голзанӣ барояшон хеле кам даст дод. Дар нимаи дувуми дидор бозигарони “Истиқлол” фаъолтар шуданд. Вале то анҷоми бозӣ задани гол ба ҳарду даста муяссар нашуд. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” якимтиёзӣ гирифтанд.

Бояд гуфт, ки дар тими “Истиқлол” беҳтарин голзан Манучеҳр Ҷалилов бо сабаби беморӣ ширкат надошт ва набуданаш дар рафти бозӣ эҳсос мешуд.

Сармураббии дастаи «Ал-Дуҳайл» Эрнан Креспои аргентинӣ ба Душанбе ба бозӣ муқобили “Истиқлол” 22 бозигар оварда буд. Аммо яке аз бозигарони калидии даста Филипе Каутинйо бо сабаби беморӣ дар ин бозӣ иштирок карда натавонист.

 

 

 

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо се имтиёз дар мақоми аввал аст. “Истиқлол” ва “Ал-Дуҳайл” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Персеполис” бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.

 

 

Акнун 2-юми октябр бозигарони мо бо «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рӯбарӯ мешавад, ки дар ҳайати он шоҳи футболи муосир Роналду бозӣ мекунад. 24-уми октябр тоҷикистониён бо «Персеполис»-и Эрон қувва меозмояд.

 

7-уми ноябр бозии ҷавобии ин ду тим доир хоҳад гашт. 27-уми ноябр «Ал-Дуҳайл» ва «Истиқлол» такроран рақобат мекунанд. Ниҳоят, 5-уми декабр ҳайати бозигарони мо дар Душанбе бо тими Роналду такроран рӯбарӯ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД