formula
ИЗАТ АМОН ИХРОҶ ВА БОЗДОШТ ШУД
3180


Изат Амон, ки худро ҳамчун ҳомии манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия муаррифӣ менамуд, аз ҳудуди ин кишвар ихроҷ шуда, аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистн хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, Холов Иззатулло Амонович (Изат Амон) барои риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳи ғайри қонунӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз ҳудуди ин кишвар депортатсия карда шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Изат Амон зодаи деҳшӯрои Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ буда, чандин сол боз дар Русия зиндагӣ мекард ва худро ҳамчун ҳомии манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар муаррифӣ менамуд. Номбурда дар ҷустуҷӯи қарор дошт ва баъди ихроҷ шуданаш аз Русия дар шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздшт гардид. Изат Амон дар қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Изат Амон бо баҳонаи аз маҳбас озод намудани Шарипов Ҳасан, ки дар хариду фурӯши маводи мухаддир муттаҳам дониста шудааст, аз бародараш Шарипов Бобоҷон як маротиба 40 ҳазор рубли русӣ ва бори дигар ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.Ба қавли ВКД Изат Амон маблағро ба ҷайби худ зада, дар раванди мурофиаи судии Шарипов Ҳасан умуман иштирок накардааст ва ба ӯ ягон хел ёрии ҳуқуқӣ ҳам нарасонидааст.

Бобоҷон Шарипов иддао намудааст, ки ба мисли ӯ фиребхӯрдаҳо хеле зиёданд ва Иззаи Амон бо ваъдаҳои росту дурӯғ тоҷикони дар Русия ба кӯмаки ҳуқуқӣ ниёз пайдо кардаро гӯл зада, маблағи калон ба даст меовард...

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз тамоми шахсоне, ки ба доми фиреби Изат Амон афтода, зарари моддӣ дидаанд, хоҳиш кардааст, ки ба телефони боварии 221-21-21 занг зананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД