Кабки зирак - «Парандаи сол - 2026» дар Тоҷикистон
02.12.2025
Oila.tj
39

Бино ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар озмуни «Парандаи сол - 2026» аз байни 10 номинатсияи пешниҳодшуда бо гирифтани овозҳои бештар кабки зирак ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.

- Озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ набуда, он барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад. Зимни ҷаласаи ҷамъбастии озмун иброз шуд, ки озмун имкон фароҳам меорад, то ҷомеа дар бораи парандаҳо бештар маълумот пайдо намуда, ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат намоянд, меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Парандаи сол» дар Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб бо ҷалб ва тавсияи коршиносони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Интихоби яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистон ба сифати парандаи сол бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он дар табиат мебошад. Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД