Arzon march 2024
Кадом бемориҳо дар ҳавои боронӣ авҷ мегиранд?
793

 

Ҳавои боронӣ намиро дар замин бештар гардонида, аксари одамон аз дарди ин ё он узви баданашон шикоят мекунанд.

Тағйирёбии обу ҳаво сабаби пайдошавии норасогии рагҳо, бемориҳои музмин, асаб, тағйир ёфтани фишшори хун, бад шудани нафаскашӣ дар нафарони бемории роҳҳои нафас дошта, чарх задани сар, дарди мушакҳо ва буғумҳо мегардад. Ҳамчунин, то 35 фисади нафарони бемории дилу рагҳо дошта дар чунин боду ҳаво аз бемориашон азият мекашанд.

Кадом омил бемории дилу рагҳоро авҷ медиҳад?

Сабабҳои асосие, ки дар натиҷаи тағйирёбии боду ҳаво ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд, дақиқ гуфта нашудаанд. Танҳо аз мушоҳидаҳо муайян кардаанд, ки як қатор бемориҳои музмини дилу рагҳо ва нафаскашӣ дар натиҷаи ивазшавии боду ҳаво авҷ мегиранд.

Бемориҳои атерасклироз ва фишорбаландӣ

Ин вайрон шудани танзими рагҳо буда, дар натиҷаи тағйирёбии фишори атмосферӣ люмени рагҳои хунгард танг шуда, беморони дил ва роҳҳои нафас дошта дар натиҷаи зиёд шудани намӣ азият мекашанд, чунки ҳавои намнок оксиген камтар дорад.

Боқимондаи бемориҳои системаи марказии асаб

Ба он ҳам бемории фалаҷи майнаи сар, осеби майнаи сар ва энсефалит дохил мешавад, тағйирёбии боду ҳаво таъсири зиёд мерасонад.

Вайроншавии кори системаи мушакҳо

Артрит, артроз, бемориҳои сутунмуҳра, ҷароҳатҳои қаблӣ, яъне шикастагиҳо, захмҳо дар баланд шудани хунукӣ ва намии ҳаво авҷ гирифта, дард ва варами бофтаҳои зарардида азият мекашанд.

Омилҳои синнусолӣ (пиронсолӣ)

Равандҳои пиршавӣ боиси паст шудани кори механизмҳои мутобиқшавӣ мегардад. Шахсони солхӯрда ба тағирёбии обу ҳаво ҳассос мешаванд.

Дар бадани одами солим ба вуҷуд омадани аксуламал дар ҳолати тағйирёбии обу ҳаворо механизмҳои конпесаторӣ назорат мекунанд. Камшавии оксиген, ки дар ҳавои намнок ба вуҷуд меояд, ба кори роҳҳои нафаскашӣ халал ворид мекунад. Дар гармӣ бадан тавассути васеъ кардани рагҳои хун ва зиёд шудани арақ организм хунук мешавад, вале дар ҳавои сард рагҳои хунгард танг шуда, гармиро нигоҳ медоранд. Ин раванд ба шумо имкон медиҳад, ки аз тағйирёбии шароити обу ҳаво нороҳатиро эҳсос накунед.

Чаро саломатии беморон бад мешавад?

Тағйир ёфтани обу ҳаво кори муътадили шахсони беморро вайрон карда, хуруҷи рагҳои хунгард ё баръакс зиёд шудани хун дар рагҳо, зиёд шудани суръати нафаскашӣ, дард дар роҳҳои нафаскашӣ бештар шуда, ҳолати бемор дигаргун шудан мегирад. Саломатии аксари беморон чанд соат пеш аз тағйир ёфтани боду ҳаво дигар мешавад, яъне худро бад ҳис мекунанд. Масалан нафаронеро, ки аз бемориҳои мағзи сар азият мекашанд, дарди сар, чарх задани сар азоб медиҳад. Беморони дилдошта аз дард дар атрофи дил, бад шудани нафаскашӣ шикоят мекунанд.

Таъсиррасон будани боду ҳаво ба саломатии инсонро дар натиҷаи пурсиш аз бемор муайян кардан мумкин аст. Дар чунин рӯзҳо баландшавии фишори хун ва набзи дил, мушкилӣ дар нафаскашӣ, тағйирёбии ранги пӯсти рӯй дида мешавад.

Чӣ тавсияҳо дода мешавад?

Табибон бад шудани саломатии шахсонеро, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани боду ҳаво рух медиҳад, беморӣ намеҳисобанд. Балки барои муайян кардани ҳолат бояд асоси онро пайдо намуд.

Бартараф намудани омилҳои номусоид

Онҳое, ки аз бемориҳои буғум ранҷ мекашанд, тавсия дода мешавад, ки бадани худро гарм нигоҳ доранд ва дар ҳавои сард ва намӣ то ҳадди имкон дар хона бимонанд.

Рад кардани одатҳои бад

Зуд-зуд истеъмоли машрубот ва тамокукашӣ қобилияти мутобиқшавии организмро дар ҳолати тағйир ёфтани боду ҳаво суст мегардонад.

Дастрасӣ ба маводҳои доругӣ

Табобатҳои таъҷилӣ барои пешгирии пайдошавии бештари бемориҳо мусоидат мекунад. Бояд истеъмол ва истифодаи онҳо баъд аз таъйини духтур сурат гирад. Масалан беморони роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, бемориҳои асаб аз хуруҷи беморӣ бояд худро нигоҳ дорнд.

Интихоби тарзи ҳаёти солим

Парҳез кардан ва ё бо меъёр хӯрок хӯрдан фаъолияти ҳамаи узвҳои баданро дар меъёр нигоҳ медорад.

Истифодаи тавсияҳо

Азбаски ҳассосияти обу ҳаво бо бемориҳои музмин алоқамандии зиёд дорад, дур шудан аз ҳолатҳои ногувор душвор аст. Бо истифода аз тавсияҳои дар боло зикршуда метавонед шиддати аломатҳоро ба таври назаррас коҳиш дода, сифати зиндагиро ба таври назаррас беҳтар намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД