Arzon march 2024
Кадом бемориҳо дар замони тӯфони магнитӣ хуруҷ мекунанд?
601

Тӯфони магнитӣ ҷунбиши магнитосфераи замин аст, ки дар натиҷаи таъсири ҷараёни плазма аз офтоб ба вуҷуд меояд.

Тибқи омор, чунин ҳолатҳо моҳе 4 маротиба рух дода, аксари одамон аз чарх задани сар, баландшавии фишор, дарди бадан, дарди дил, тангшавии нафас ва дигар нороҳатиҳо шикоят мекунанд. Баъзе бемориҳое ҳастанд, ки пеш аз оғоз шудани тӯфони магнитӣ шахс алакай огоҳ мешавад, чунки саломатиаш тағйир ёфта, худро бад ҳис мекунад.

Одамони солимро чӣ ташвиш медиҳад?

Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки ҳангоми ба амал омадани тӯфони магнитӣ фаъолияти мағзи сар номуътадил гашта, шахс худро нороҳат ҳис мекунад. Тағйирёбии иқлимро одамони солим мушоҳида намекунанд, чунки онҳо дар чунин вазъ худро дар ҳолати муътадил эҳсос мекунанд.

Нафароне, ки масъунияти баданашон паст аст, дардҳои гуногун, аз қабилӣ дарди сар, паст ё баланд ушдани якбораи фишори хун, чарх задани сар, душвор шудани нафаскашӣ, вайроншавии хоб, бехобӣ, асабоният, хастагӣ, дарди буғумҳо, дарди устухонҳоро дар организми худ ҳис мекунанд, ки шаҳодат аз бемор будани узвҳояшон медиҳад.

Дар ҳолати номусоид шудани ҳаво ва ба вуҷуд омадани тӯфони магнитӣ бемориҳои музмин, аз қабилӣ миокардаи дил, трамбатсит, дарди нимсара (мигрен), психоз ва диққи нафас авҷ мегирад. Тағйир ёфтани иқлим ва махсусан ба вуҷуд омадани тӯфони магнитӣ ба саломатии нафарони бемории рӯҳидошта низ бетаъсир намемонад. Зеро ба вуҷудоварданаҳои психозҳои маникӣ-депрессивӣ фаъол мегарданд.

             Чӣ тавр бояд мубориза бурд?

Ба нафароне, ки аз таъсири тӯфонҳои магнитӣ худро нороҳат ҳис мекунанду саломатиашон тағйир меёбад, чунин тавсияҳо дода мешавад:

- Агар самти фаъолияти шумо бо техника аст, беҳтараш то хуб шудани вазъи ҳаво аз он даст кашед.

- Тавсия медиҳем, ки ба рондани мошин машғул нашавед.

- Аз коре, ки фикри шуморо бештар банд мекунад, муваққатан даст кашед.

- Телефонҳо ва компютерҳоро кам истифода баред.

              Кадом доруҳо муфиданд?

Дар чунин ҳолат, яъне тӯфонҳои магнитӣ, табибон тавсия медиҳанд, ки ба онҳое, ки аз мигрен, аз бемории ишемияи дил, фишорбаландӣ, вайроншавии кори дил ё дигар бемориҳои дилу рагҳо азият мекашанд, пайвандонашон бештар таваҷҷуҳ намоянд.

Чунин нафарон бояд ҳавои номусоидро интизор нашуда, доруҳои лозимиро бо худ бигиранд.

Агар шумо мушоҳида кардаед, ки дар чунин рӯзҳо саломатиатон нохуб мешавад, бояд бо духтуратон оид ба чораҳои пешгирикунанда машварат намуда, доруҳои лозимиро дастрас намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД