sebiston july new
Кадом маҳсулотҳоро метавон бренд гуфт?
292

Давлаталӣ Шарифзода, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал, дирӯз зимни нишасти хабарии ин ниҳод брендашонро эълон кард.

Ба баёни ин мақомдори соҳаи ҷангали кишвар, дар миқёси мамлакат ва берун аз он пистаи Данғара бисёр шуҳратманд аст ва онро метавон бренди кишвар гуфт.

“Ҳоло пистаи Данғараро дар ҳамаи ҷой медонанду маззаи хушашро эътироф мекунанд. Ба ғайр аз ин, хуч ва нӯшобаҳои он бисёр маъруф аст. Инро ҳам мешавад баробар ба бренд гуфт”, - таъкид кард Шарифзода.

Тибқи иттилои Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон айни замон масоҳати пистазорҳо 78000 гектарро ташкил медиҳанд.

Писта дар кишвари мо меваи маъмул буда, дар воқеъ, пистаи Данғара дар бозорҳо бисёр маъруф аст. Ҳатто соле қабл овозхони маъруф Рӯзибеки Файзалӣ дар тавсифи он тарона сароида буд бо унвони "Пистаи Данғара", ки бештар аз 2,5 миллион бинанда онро дидааст..

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

АГЕНТИИ ҶАНГАЛ: БАЪЗАН ПАРДОХТИ ҶАРИМАҲО БО МУШКИЛӢ СУРАТ МЕГИРАД

Бояд гуфт, ки минтақаи пайдоиши писта Осиёи Миёна ва мамлакатҳои Шарқ ба ҳисоб меравад. Онро дар Эрон, Афғонистон, Покистон, Суриё, Испания, Италия, Юнон, Туркия ва Амрико парвариш менамоянд. Ҳоло бошад пистаро дар бисёрии мамлакатҳои иқлимаш гарм ҷорӣ намуда истодаанд. Дар вақти пухта расидан меваи писта кушода мешавад, аз ҳамин лиҳоз онро пистаи хандон мегӯянд.

Мағзи писта болаззату хушбӯй ва таркибаш серғизою фоидабахш буда, зиёда аз ду ҳазор сол парвариш карда мешавад. Писта дар Эрон замоне рамзи боҳашаматӣ буд ва баъзан ҳатто ба ҷои пул ҳангоми шартномаҳои тиҷоратӣ истифода бурда мешуд. То ҳол писта маҳсулоти стратегии ин кишвар ба шумор рафта, барои баровардани ниҳолҳои маҳаллии эронии писта, бояд аз давлат иҷозатномаҳои махсус дода шавад. Дар Хитой Қадим бошад меваи пистаро чормағзи хушбахтӣ меномиданд.

Дарахти писта одатан то 7-8м, баъзан аз ин ҳам баландтар мешавад. Сутунаш яктана ё якчанд танагӣ аст. Рангаш хокистарранг буда, диаметраш 1-1,5 м., баргу шохаҳои танааш куррашакл мебошад. Навдаю баргҳои ҷавонаш сурхтоб аст. Хӯшагулаш то 10 см. Мевааш- писта, дарозиаш 2,5-3 см, бараш 1-1,5 см, вазни миёнааш 0,5-0,7 г. Дар шароити Тоҷикистон нимаи дуюми апрел гул мекунад. Мевааш охири моҳҳои июл-август мепазад.

 

Он системаи решаи боқувват дошта, нисбат ба дигар намуди дарахтон ба хушкӣ хело тобовар аст. Тиррешааш ба чуқурии то 15 м. ва решаҳои паҳлугиаш бошад аз ҳудуди танаи дарахт зиёдтар ба ҳар тараф ривоҷ ёфта, намиро ҷаббида мегирад. Аз сабаби боқувват будани решааш онро бо мақсади пешгирӣ намудани эрозияи хок низ мешинонанд.

Дар заминҳои лалмии наздикӯҳӣ то баландиҳои 700-1500м нисбат ба сатҳи баҳр нашъунамо карда, бе обёрии иловагӣ ҳосил медиҳад. Дар водиҳо, заминҳои ҳамвори баландиаш 350-700м нисбат ба сатҳи баҳр ҷойгирбуда боғҳои обёришавандаи пистаро бунёд кардан мумкин аст.

Дархти писта дуҷинса мебошад, яъне баъзеи онҳо танҳо гули нарина ва дигараш гули модина меорад. Дар пистазорҳои худрӯй 40-45%-и дарахтон мардона мебошанд, аз ин сабаб ҳосилнокии умумиашон кам мешавад. Вақти бунёди боғи писта ин хислаташро ҳатман ба эътибор гирифта, ба ҳар 12-14 дарахти модинаи он як дарахти наринаашро шинонидан зарур аст.

Дарахти писта то 1000 сол умр мебинад ва 300-400 сол ҳосил медиҳад. Пистаи худрӯй ба ҳисоби миёна то 1 кг ва баъзе дарахтони алоҳидаи калонсолаш то 25-30 кг ҳосил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД