sebiston july new
Кадом намуди рӯймоли зимистона беҳтар аст?
2551


Ҳар як намуди либос ба фасли сол бояд мутобиқат дошта бошад, махсусан дар зимистон,ки ҳаво хунук аст, дар баробари зебоӣ саломатиро низ бояд эҳтиёт кард.

Дар ҳавои хунук бонувон бештар ба сару гарданашон аҳамият медиҳанд,зеро ҳавои хунук пеш аз ҳама ба ҳамин мавзеъҳои бадани инсон таъсир мерасонад. Аз ҳамин сабаб рӯймол яке аз ҷузъиётҳои асосии либоси зимистона ба ҳисоб меравад.

Интихоби рӯймол
Сарфи назар аз шакл ва андозаашон гарданбанд ва рӯймол қисми ҷудонашавандаи либоси занон буда, бидуни он кор кардан қариб ғайриимкон аст. Ин аксессуар метавонад намуди зоҳирии шуморо ба таври назаррас тағйир диҳад, вале барои ин сарбандро дуруст интихоб кардан лозим аст. Дар интихоби рӯймол чиро бояд ба назар гирифт? Маъмулан рӯймолро ба сар мебанданд, вале баъзе бонувон барои гарм кардани гарданашон онро ба гардани худ овезон мекунанд ё ба камарашон мебанданд. Барои гарм кардани гардан ва миён бештар аз рӯймолҳои пашмӣ истифода мебаранд, барои дар сар бастан бошад, рӯймоли аз матоъи пахтагин тайёршуда мувофиқтар аст. Аз ҳама муҳимаш рӯймол бояд бо либосе, ки шумо ба бар мекунед, мувофиқ бошад.

Кадом намудҳои рӯймол мавҷуданд?
Якчанд намуди рӯймол вуҷуд дорад, ки аз матоъҳои гуногун тайёр карда мешаванд. Мо дар бораи намудҳои маъмулии рӯймол ба шумо маълумот медиҳем.

Шалл-ин рӯймоли калоне мебошад, ки аз ресмон бофта мешавад. Онро дар китф мепартоянд, дар гардан овезон мекунанд ё ба сар мебанданд.
Скейч- ин намуди рӯймол шакли росткунҷа дорад.

Snood Snood-рӯймоли гармест, ки ҳам барои тирамоҳ ва ҳам зимистон комилан мувофиқ аст.
Пончо-ин намуди рӯймолро кам истифода мебаранд.

Арафатка-рӯймоле мебошад,ки бо шиму костюм баста мешавад.

Бактус- рӯймолест, ки бо ҳама гуна либос бастанаш имконпазир аст.

Чаро занҳо рӯймол мепӯшанд?

Аввалан рӯймол хеле зебо ва диққатҷалбкунанда ба назар мерасанд. Онро ҳам духтарон ва ҳам занҳои калонсол истифода бурда метавонанд.

Рӯймоли пахтагин беҳтар ё абрешимӣ?

Аксари бонувон бештар аз рӯймолҳои пахтагин ваабрешимӣ истифода мебаранд. Рӯймолҳои намуди Scarf Muffler аз матоъе истеҳсол мешаванд,ки нисбат ба дигар матоъҳо ғафстар мебошад. Шакли росткунҷа ва андозаҳои калон дорад.

Рӯймоле, ки онро бастан лозим нест...
Snood-рӯймоли секунҷае мебошад, ки бештар бонувони кишварҳои инглисизабон онро истифода мебаранд ва “рӯймоли сеҳрнок” низ меноманд.

Муфллер (Франс. cache-nez, «биниро пинҳон кардан», «бинии пинҳон») гарданбанд ё рӯймолест, ки гардан ва қисми поёни рӯй, аз ҷумла биниро дар ҳавои сард ё намию шамол мепӯшонад.

Рӯймоли занона бояд чӣ қадар дарозӣ
дошта бошад?

Дарозии оптималии гарданбанд 170-180 см аст.Ин дарозӣ ба шумо имкон медиҳад,ки бо роҳҳои гуногун рӯймолро пӯшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД