Елизавета Алтунина, духтари ҳаштсолаи сокини деҳаи Верея ба унвони ҷавонтарин кафшергари сайёра даст ёфт. Ӯ дар як рӯз се намуди кафшерро омӯхта, соати зебоеро бо шакли уқоб омода намуд.
Ин рекорди нотакрор дар INTERRECORD сабт гардида, ба ӯ унвони “Маҳорату Мусаллам” (Official Excellence in Craft) супорида шуд.
“Ин на танҳо рекорд аст, бакли оғози насли нави муҳандисон ва офарандагони кӯчак аст!”,- бо ифтихор гуфт падараш Алексей Алтунин.
Раванди иҷро сабти видеову тасвирӣ шуда, тамоми марҳилаҳо аз ҷониби шоҳидон ва мутахассисон тасдиқ гардид.