arzon november
Кампири 104 сола дар орзуи дидори Президент аст!
28.03.2022
ОИЛА
526

 

Бибисоро Шералиева сокини деҳаи Хитшхонаи ноҳияи Ашт буда, умраш ба домони 104-солагӣ расидааст.

Ин пиразани хушбахт 46 набера, 153 абера ва 60 чабера дорад.
Фарзандон ва набераву абераҳояш момои Бибисороро мисли гавҳараки чашмонашон эҳтиёт мекунанд. Кампир ба солманд буданаш нигоҳ накарда, бениҳоят зиндадил ва шӯху зарофатгӯй аст. Ҳазлҳои намакинаш ин пиразани нӯрониро гули сари сабади тамоми маъракаҳо гардонидааст.

photo_2022-03-28_11-35-24 - копия

Аз 11 фарзанди Бибисоро имрӯз танҳо 8 нафарашон дар қайди ҳаётанд, вале ба ин нигоҳ накарда, дар тамоми ҷашну маросимҳо дар хонаи ин бибии хушбахт ду рӯз маърака меороянд-як рӯз барои пайвандон ва рӯзи дигар барои ёру дӯстон, агар аҳли оила ва хешу табору ҳамдеҳагон дар як рӯз ҷамъ шаванд, ба ҳама ҷой намерасад.

Бибисоро Шералиева хату савод надорад ва аз он афсӯс мехӯрад, ки дар вақташ мактаб нахондааст. Ӯ тамоми умр дар колхоз кор карда бошад ҳам, ҳатто дафтарчаи меҳнатӣ надоштааст.

Момаи Бибисоро пештар бисёр зани чаққон ва серҳаракат буд, вале бар асари пирӣ 7-соли охир аз пойи равон мондааст. Фарзандонаш бар он назаранд, ки модарашонро чашм карданд, вагарна шояд то ба имрӯз мисли духтаракон давида мегашт.

photo_2022-03-28_11-33-06 - копия

Азбаски худи Бибисоро бисёр зани ҳунарманд ва кадбонуи моҳир буд, хӯрокҳои лазизу бомаззаро дӯст медорад ва агар дар таъоми пухтаи келину набераҳояш ягон айб ёбад, ҳатман эродҳояшро мегӯяд, то бонувони хонадон камбудиҳои худро ислоҳ намоянд.
Момаи Бибисоро роҳ нагардад ҳам, ягон лаҳза аз тоату ибодат фориғ нест ва ҳамеша исми худованди бахшояндаву меҳрубонро ба забон гирифта, аз Парвардигори олам тинҷуву осудагии мулкро металабад. Ягона орзуи ин кампири 104 -солаи тоҷик ақаллан як бор бо Пешвои миллат аз наздик во хӯрдан будааст. Момаи Бибисоро ба қадри тинҷуву осудагие, ки ин марди нек ба Тоҷикистон ва ба мардуми тоҷик овардааст, беш аз дигарон мерасад, зеро ду ҷангро аз сар гузаронидавухориву зорӣ ва ранҷу азобҳои даврони ҷанги Гитлерӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ аз сар гузаронидааш то имрӯз аз ёдаш нарафтаанд.

photo_2022-03-28_11-32-15 - копия

Аз ҳамин хотир Бибисоро Шералиева мехоҳад як бор бо президинти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз наздик во хӯрда, ба ин марди нек дуои сафед диҳад.

Ф. Сатторӣ
(Маводи мазкур дар асоси як мақолаи русии Азия-плюс таҳия шудааст. )

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД