Arzon march 2024
Касби нави Анҷелина Ҷоли
407

Анҷелина Ҷоли хонаи мӯди худро бо номи “Atelier Jolie” кушод. Дар ин бора ҳунарманд дар саҳифаи иҷтимоияш хабар дод.

Ҷоли дар шарҳи ин рӯйдод навишт, имрӯз ман дар олами мӯд навгонӣ ворид менамоям. Дар ин хонаи ҳунар ҳар нафар метавонад мувофиқи таъби худ чизе эҷод намояд.

""Atelier Jolie" ҷойи шахсони бо табъи болост, ки метавонанд дар ин ҷода бо мо ҳамкорӣ намоянд. Онҳо метавонанд дар ин ҷо бо дузандаҳои касбӣ, ки аз тамоми дунё ҷамъ шудаанд, ҳамкорӣ намоянд. Эҳтиром нисбат ба тарроҳоне, ки ин ҳама сол бо эшон ҳамкорӣ доштам, маро водор ба кушодани чунин макон намуд” навиштааст Ҷоли.

Ҳар нафар ғояи либосҳои худро пешниҳод менамояд ва тарроҳон дар асоси хоҳиши харидор онро ба шакли олӣ тайёр ва пешниҳод менамоянд. Либосҳое, ки хонаи мӯди "Atelier Jolie" таҳия менамояд, аз матоъҳои қадима, вале дар шакли наву замонавӣ иборатанд.

Ёдовар мешавем, ки Анҷелина Ҷоли ҳунарпешаи муваффақ ва сарпарасти чандин созмонҳои хайриявист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД