Arzon march 2024
Кӯдак бо падар меистад ё бо модар?
03.06.2023
ОИЛА
440


Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Савол
Дар сурати ҷудо зиндагӣ намудани падару модар, ҷои истиқомати кӯдак чӣ гуна муқаррар мешавад?
Ирода, шаҳри Хуҷанд.

Посух
Ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он (навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи моддӣ ва оилавии падару модар ва ғайраро) ба инобат мегирад. Баҳсҳои муқаррар намудани ҷои истиқомати кӯдак аз тарафи суд ҳал карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД